Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо IFAD дар Душанбе баррасӣ гардид

Апрель 9, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз ҳаҷми умумии маблағгузориҳои мустақими Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ /ФБРК- IFAD/ ба соҳаи рушди деҳоти Тоҷикистон ба беш аз 115 миллион доллари амрикоӣ расида, беш аз 300 ҳазор хоҷагии деҳот аз татбиқи лоиҳаҳо манфиат гирифтаанд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии ин фонд дар Тоҷикистон Роберто Лонго, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи ҳамкории дуҷонибаро давоми 15 соли охир натиҷагирӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ҳоло лоиҳаҳои амалкунандаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон 57,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Барномаи нави COSOP /Барномаи нави имконияти стратегӣ/ бояд пурра ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқ бошад. Аз ҷумла, аҳамияти дастгирии рушди зерсохторҳо дар деҳот, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, тақвияти нақши занон ва ҷавонон дар раванди рушди деҳот таъкид карда шуд.

Роберто Лонго аз ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши калидии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар самти ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба густариши ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Тарафҳо барои таҳияи ҳуҷҷати босифат, фарогиру воқеъбинона ва идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди устувори деҳоти Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд