Тарғиби чорабиниҳои сатҳи баланди Тоҷикистон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Туркманистон
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзномаи расмии давлатии Туркманистон «Туркманистони бетараф» мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таҳти унвони «Тоҷикистон ба чорабиниҳои сатҳи баланд омодагӣ мебинад» вобаста ба ташаббуси Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва маълумот оид ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд, ки дар доираи ин ташаббус ба нақша гирифта шудаанд, нашр гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Дар мақола маълумоти муфассал дар бораи таърихи пазироии якдилонаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», рӯзи 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии пиряхҳо» ва таъсиси Бунёди хайриявии СММ барои мусоидат дар ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон дар мақола маълумоти зарурӣ оид ба вақт ва макони баргузорӣ, мақсад ва ҳадафҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Тоҷикистон бахшида ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






