«ТАСМАИ БЕХАТАРӢ-МУҲОФИЗИ ШУМО». Дар Тоҷикистон амалиёти мақсаднок гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 апрел дар ҷумҳурӣ таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо» амалиёти мақсаднок гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин амалиёт бо мақсади коҳиш додани сатҳи вазнини оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва баланд бардоштани истифодаи тасмаи бехатарӣ гузаронида мешавад.
Таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳад, ки дар бештари мавридҳо ронандагону мусофирон аз тасмаи бехатарӣ истифода намебаранд, ки дар натиҷа ин сабаби ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия гардида, дар ҳудуди пойтахт амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд.
Аз ронандагону мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, пеш аз ҳама, бехатарии худро таъмин намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






