Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарон (U-20) интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 20-соларо тасдиқ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт мамлакат: Тоҷикистон, Чин, Малайзия, Узбекистон, Ветнам, Мянмар, Лаос ва Бутан баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 34 даста иштирок менамояд. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: ду гурӯҳ аз панҷ дастаӣ ва шаш гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ иборат хоҳанд буд. Ғолибони гурӯҳ ва се дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои духтаронаи то 20-сола аз 2 то 10 августи соли равон доир мешавад. Рақибони дастаи духтаронаи Тоҷикистон дар гурӯҳ 28 апрел муайян карда мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






