Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 ҷудочии тоҷик барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо ба шаҳри Бангкоки Тайиланд сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа аз 25 то 27 апрел дар шаҳри Бангкоки Тайиланд баргузор гардида, дар он аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни (60 кг), Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ (66 кг), Абубакр Шеров (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг) , Умедҷон Раҷабов (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) байни мардон ва Аҳлия Муминова (48 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (78 кг) дар байни духтарон иштирок менамоянд.
Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар Чемпионати Осиё дар байни дастаҳо иштирок менамояд. Ин рӯйдоди муҳими варзишӣ барои давлати мо қадами бузург дар рушди ҷудо ва нишон додани қудрати паҳлавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бар асоси натиҷаҳои Чемпионати Осиё ва мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 ҳайати асосии дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат барои иштирок дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Маҷористон муайян карда мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






