Вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷлосия оид ба механизмҳои ҳуқуқи инсон барои вакилони парлумонҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Апрель 7, 2025 15:44

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканд раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода дар иҷлосия оид ба механизмҳои ҳуқуқи инсон барои вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, ҷаласа дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи байнипарлумонӣ (IPU) ва Дафтари  Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи  инсон ба хотири табодули таҷриба оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Ҷаласа барои таҳкими талошҳо бо таваҷҷуҳ ба нақши парлумонҳо оид ба дастгирии татбиқи стандартҳои ҳуқуқи кӯдак дар минтақа, инчунин амиқтар намудани  робитаҳои мавҷуда байни парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттифоқи байнипарлумонӣ (IPU),  Дафтари Комиссари  олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ЮНИСЕФ замина фароҳам овард.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз намуд, ки ««Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуҳуқи инсон барои давраи то соли 2038» қабул гардидааст. Он ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян намуда, ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Ин стратегия тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад».

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид