Вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷлосия оид ба механизмҳои ҳуқуқи инсон барои вакилони парлумонҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканд раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода дар иҷлосия оид ба механизмҳои ҳуқуқи инсон барои вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, ҷаласа дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи байнипарлумонӣ (IPU) ва Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ба хотири табодули таҷриба оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Ҷаласа барои таҳкими талошҳо бо таваҷҷуҳ ба нақши парлумонҳо оид ба дастгирии татбиқи стандартҳои ҳуқуқи кӯдак дар минтақа, инчунин амиқтар намудани робитаҳои мавҷуда байни парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттифоқи байнипарлумонӣ (IPU), Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ЮНИСЕФ замина фароҳам овард.
Маҳмадшоҳ Гулзода иброз намуд, ки ««Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуҳуқи инсон барои давраи то соли 2038» қабул гардидааст. Он ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян намуда, ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Ин стратегия тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад».
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






