Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд

Апрель 22, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо байни наврасон, ҷавонон, бузургсолон, устодон ва нобиноён, ки аз 14 то 20 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 27 медал (4 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо дар шаҳри Тошканд беш аз 600 варзишгари гуногунсол- аз наврасон то собиқадорони зиёда аз 20 давлат иштирок карданд. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии «Узбекистон» баргузор шуд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беш аз 40 варзишгар иштирок намуд. Дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо байни калонсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се медали нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби калонсолони Тоҷикистон 11 варзишгари мард дохил буд, ки 7 нафар дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд. Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило — дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷиро соҳиб гардиданд.

Дар самбои варзишӣ байни ҷавонон Абдулло Қодиров дар вазни 64 кг, Абдулло Лоиқов дар вазни 79 кг, Фирдавси Баҳодур дар вазни 88 кг ва дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода дар вазни 79 кг барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи самбои варзишӣ байни наврасон Муҳаммадӣ Мирзозода дар вазни 46 кг, Муҳаммадҷони Маҳсуддинзода дар вазни 49 кг ва Ҳусейн Ҷалилов дар вазни 58 кг медали нуқра; Бахтовар Азизов дар вазни 64 кг, Абузар Назаров дар вазни 79 кг ва Сафиаллоҳ Ҳаётов дар вазни +88 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо байни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кг бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ҳамчунин 19-20 апрели соли 2025 Чемпионати Осиё ва Уқёнусия дар риштаи самбои варзишӣ байни устодон доир гардид, ки дар он аз Тоҷикистон 12 паҳлавони собиқадори намуди самбо иштирок намуд. Паҳвонони тоҷик Собирҷон Сулаймонов дар вазни 88 кг, Хайрулло Назриев дар вазни +98 кг, Зайдулло Қурбонов дар вазни 98 кг бо медалҳои тилло, Алишер Ғарибшоев дар вазни 79 кг, Абдулҳамид Раҳимов дар вазни 98 кг, Расул Ҳодизода дар вазни 71 кг, бо медалҳои нуқра, Ромиз Ҷураев дар вазни 71 кг ва Қиёмиддин Хоҷаев дар вазни 88 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 22, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд