Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд

Апрель 22, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо байни наврасон, ҷавонон, бузургсолон, устодон ва нобиноён, ки аз 14 то 20 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 27 медал (4 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо дар шаҳри Тошканд беш аз 600 варзишгари гуногунсол- аз наврасон то собиқадорони зиёда аз 20 давлат иштирок карданд. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии «Узбекистон» баргузор шуд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беш аз 40 варзишгар иштирок намуд. Дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо байни калонсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се медали нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби калонсолони Тоҷикистон 11 варзишгари мард дохил буд, ки 7 нафар дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд. Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило — дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷиро соҳиб гардиданд.

Дар самбои варзишӣ байни ҷавонон Абдулло Қодиров дар вазни 64 кг, Абдулло Лоиқов дар вазни 79 кг, Фирдавси Баҳодур дар вазни 88 кг ва дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода дар вазни 79 кг барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи самбои варзишӣ байни наврасон Муҳаммадӣ Мирзозода дар вазни 46 кг, Муҳаммадҷони Маҳсуддинзода дар вазни 49 кг ва Ҳусейн Ҷалилов дар вазни 58 кг медали нуқра; Бахтовар Азизов дар вазни 64 кг, Абузар Назаров дар вазни 79 кг ва Сафиаллоҳ Ҳаётов дар вазни +88 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо байни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кг бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ҳамчунин 19-20 апрели соли 2025 Чемпионати Осиё ва Уқёнусия дар риштаи самбои варзишӣ байни устодон доир гардид, ки дар он аз Тоҷикистон 12 паҳлавони собиқадори намуди самбо иштирок намуд. Паҳвонони тоҷик Собирҷон Сулаймонов дар вазни 88 кг, Хайрулло Назриев дар вазни +98 кг, Зайдулло Қурбонов дар вазни 98 кг бо медалҳои тилло, Алишер Ғарибшоев дар вазни 79 кг, Абдулҳамид Раҳимов дар вазни 98 кг, Расул Ҳодизода дар вазни 71 кг, бо медалҳои нуқра, Ромиз Ҷураев дар вазни 71 кг ва Қиёмиддин Хоҷаев дар вазни 88 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 22, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад
Федератсияи футболи Тоҷикистон соҳиби ҶОИЗАИ БИРИНҶИИ «FIFA FORWARD AWARDS» гардид
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии Йога ҳамоиши варзишӣ доир гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2025 бо се медали таърихӣ баргашт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО–2025. Темур Раҳимов медали сеюмро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба даст овард
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) тими олимпии Ҳиндустонро мағлуб кард
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНА. Дар Тоҷикистон соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасон ба футбол ҷалб карда шуданд
Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ 15 медал ба даст оварданд
Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби Ҳиндустон бозии дӯстона доир мекунад
Паҳлавонони шинохта Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо намояндагӣ доранд