Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод

Апрель 7, 2025 20:25

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд дар Тоҷикистон Владимир Якунин баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода муҳиммияти тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи Бонки АвруОсиёгии Рушдро таъкид намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо даъват ба амал овард.

Владимир Якунин иброз дошт, ки Бонки АвруОсиёгии Рушд татбиқи ҳамаҷонибаи пешниҳодҳоро дар самти маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок дастгирӣ мекунад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.

Апрель 7, 2025 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст