Замин хонаи умумии мо буда, муназзамии табиати сайёраро бояд нигоҳ дошт

Апрель 22, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 апрел Рӯзи байналмилалии Замин ҳисобида мешавад. Таърихи таъсиси ин сана чунин аст:

Соли 1969 бузургтарин резиши нафт дар наздикии шаҳри Санта Барбараи иёлати Калифорнияи Амрико рух дод, ки бар асари садама дар платформаи истихроҷи оффшорӣ чанд миллион тонна нафти хом ба уқёнус рехт, ки ин фалокатовар буд. Бар асари он ҳазорон сар парандагон ва ширхӯрони баҳрӣ фавтиданд ва саршумори моллюскҳо дар соҳил 90 фоиз коҳиш ёфт. Зарари дақиқи ба муҳити зист расидаро ҳисоб кардан ғайриимкон буд, чунки ҳайвонот ва растаниҳои зарардида дар баҳр бе нишона нопадид шуданд. Фалокат ба иқтисодиёти Амрико, хусусан ба иёлати Калифорния ва афкори ҷамъиятӣ таъсир расонид.

Пас аз як сол аъзои сенати Амрико Гейлорд Нелсон аз амрикоиҳо даъват намуд, ки дар иқдоми густурдаи экологӣ ба хотираи офати табиӣ иштирок кунанд. 22 апрели соли 1970 дар тамоми мамлакат бештар аз 20 миллион нафар одамон ба ин даъват ҳамовоз шуданд ва эътирози васеи аҳли ҷамъият боиси қабули якчанд қонуни муҳими муҳофизати муҳити зист гардид. Дар иртибот ба ин соли 2009 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳамасола 22 апрел Рӯзи байналмилалии Замин ҳисобида шавад. Дар ин қарори таъсиси Рӯзи байналмилалии Модар – Замин таъкид шудааст, ки «Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинати одилона байни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда барои муназзамии табиати сайёра тадбирҳо андешидан зарур аст».

Ҳоло Рӯзи байналмилалии Заминро дар 180 давлати дунё беш аз 500 миллион мардум таҷлил менамоянд. Масъалаҳои доғи экологӣ, аз қабили торафт гарм шудани иқлим, сӯрох шудани қабати озон, об шудани пиряхҳо, баланд рафтани сатҳи оби уқёнусҳо, эрозияи хок, ихроҷи ғализи дуди корхонаҳои саноатӣ, бодлесӣ, ифлос шудани муҳити зист бо маводи кимиёвӣ ва садҳо муаммоҳои дигар худ аз худ пешорӯи мо қарор нагирифтаанд.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар ин рӯз гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди машварату ҳамоиш ва ташаббусу ҳашарҳои экологӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 22, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад