Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори итминон карданд, ки ин робитаҳо барои ба зинаҳои баланд баровардани сатҳи шарикии бисёрҷонибаи ду давлат мусоидат менамоянд.
Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёту телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зарур дониста шуд.
Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии байни ду кишвар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла масоили рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






