РУШДИ ФУТБОЛИ МИЛЛӢ. Барои расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои муҳим андешида мешаванд

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 май дар тамоми давлатҳои олам Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад. Боиси ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 майи соли равон дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маросими мазкур ба ғайр аз дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди футбол, инчунин намоиши либос ва хӯрокҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос нигаронида мешавад. Амалисозии «Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 3 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот доир намуданд.
Дар ҷаласаи васеъ ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти охирин бо ҷомеаи футболи мамлакат дар моҳи ноябри соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа баромади муваффақонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, ки онҷо даста ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, таъкид гардид. Инчунин, аз баромади дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд низ, ки тими мо ба чаҳоргонаи беҳтаринҳо ворид гардид ва нахустин маротиба дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок кард, ёдоварӣ шуд.
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи футбол гузориши раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шунида шуд.
Дар ҷаласа иброз карда шуд, ки бисёр варзишгоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин барои ҳарчӣ зудтар ислоҳ кардани вазъ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, «Исмоили Сомонӣ Арена»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор ва инчунин дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд нурафканҳо насб карда шаванд. Инчунин дар варзишгоҳҳои Истаравшан, Фархор ва Ҷалолиддини Балхӣ мониторҳои иттилоотӣ насб гарданд. Илова бар ин, роҳрав барои дави варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бояд ҳарчӣ зудтар нав карда шавад.
Зимнан таъкид гардид, ки дар мавсими зимистон бошгоҳҳои вилояти Суғд барои тамрин танқисӣ мекашанд. Дар робита ба ин дастур дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон майдонҳо бо чамани сунъӣ бунёд шаванд, зеро ба инҷо бошгоҳҳои хориҷӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ меоянд.
Дар вохӯрӣ бо масъулони футбол вазъи кунунии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор дар экран намоиш дода шуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба раиси шаҳри Ваҳдат дастури мушаххас доданд, то Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки соли 2017 ба истифода дода шудааст, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда шавад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё чамани сунъии Варзишгоҳи марказии Ҳисорро ба гибридӣ иваз кард. Дар назди раиси шаҳри Ҳисор вазифа гузошта шуд, ки дигар биноҳо дар варзишгоҳ тамрину таҷдид карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ ба ширкати «ТАЛКО» дастур доданд, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад ва ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи КМВА, воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб кунад. Инчунин илова гардид, ки варзишгоҳи КМВА-и пойтахт бояд пурра навсозӣ карда шавад.
Ширкати «Барқи Тоҷик» муваззаф шуд, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» бунёд намояд, ки он ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони дастаи мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон аст.
«Бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омода кардани футболбозони наврас барои бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Академияи футбол сохтан зарур аст, инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст», – таъкид намуданд Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар робита ба ин ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар яке аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват намуданд, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро, ки мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, дастгирӣ кунанд.
Илова бар ин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бозии бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми КФО-2024/2025 ва тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти дӯстона дар Малайзия ва Тайиланд шадидан интиқод карда, масъулинро муваззаф намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ дар чемпионати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешанд.
Дар ҷаласа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар шаҳри Душанбе корҳои заруриро амалӣ намоянд, ки дар он раванди барқарорсозии саломатии на танҳо футболбозон, балки варзишгарони Тоҷикистон сипарӣ шавад.
Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи мактабҳои варзишии футбол дар мусобиқаҳои лигаҳои кӯдакону наврасон ва занонаи ҷумҳурӣ, инчунин ҷалби мутахассисон ва коршиносони ин соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин супориш дода шуд, ки варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро барои баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ омода созад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мавзуи футзал дахл намуда, ба масъулин дастур доданд, ки барои мизбонии бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон маҷмааи варзишии «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон омода карда шаванд. Илова бар ин супориш дода шуд, ки дар вилояти Хатлон бошгоҳҳои футзал таъсис дода шаванд.
Тавре Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Ню-Йорк таъкид намуданд: «Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳимми тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад».
Рухсораи НУР,
АМИТ«Ховар»
АКС аз манбаҳои боз