15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар тақвими санаҳои экологӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии иқлим ворид шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми беш аз ду даҳсола аст, ки дар ҳалли масоили марбут ба об ва иқлим ба ҳайси давлати ташаббускор баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкории дастҷамъона даъват менамояд.
Масъалаи тағйирёбии иқлим бори аввал дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардид
Нахустин маротиба масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейрои Бразилия баррасӣ гардида, беш аз 180 кишвари ҷаҳон ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим имзо намуданд. Дар айни замон дар сайёра тағйир ёфтани иқлим эҳсос мешавад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфӣ расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб менамоянд. Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаҳою дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мегузоранд, бамаротиб меафзоянд. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор доранд.
Тағйирёбии иқлим-яке аз масъалаҳои ҳалталаби башарият
Воқеан, масъалаи тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби башарият табдил ёфтааст. Ин зуҳурот ба норасоии об дар минтақаҳо, ифлос шудани ҳавои атмосферӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, паст шудани маҳсулнокии кишоварзӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсоният, бахусус вазъи иқтисодиёти тамоми кишварҳои дунё таъсири манфӣ мерасонад.
Дар раванди тағйирёбии иқлим Тоҷикистон давлати осебпазир аст
Проблемаи «тағйирёбии глобалии иқлим» имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб мешавад. Тоҷикистон нисбат ба офатҳои табиӣ осебпазир буда, аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки тағйирёбии иқлим барои он махсусан харобиовар аст. Аз ҷумлаи оқибатҳои аллакай мушоҳидашуда ва эҳтимолии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон вайроншавии реҷаи бориш, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳишёбии масоҳати пиряхҳо ва ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво мебошанд. Мушоҳидаҳои дарозмуддати обу ҳаво зиёд шудани шумораи рӯзҳои гарм, кам шудани шумораи рӯзҳои сард ва тағйироти назарраси ҳаҷм ва муҳлати боришро нишон медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардида буд, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим сухан намуда, сабаби асосии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳоро натиҷаи гармшавии глобалӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳифзи иқлими сайёра кори дастҷамъона аст
Ба андешаи олимону коршиносони масоили экологӣ, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз минтақаҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар баланд шудани ҳарорат, кам гаштани бориш ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад. Ҳифзи иқлими сайёраи Замин ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд. Инчунин он аз ҳар шахс вобастагӣ дорад. Агар ҳар нафар дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сарфаи неруи барқ ва коҳиши истифодаи нақлиёти шахсӣ саҳм гузорад, ин ҳама дар маҷмуъ бетаъсир намемонанд.
Партови газҳои гулхонаиро коҳиш ва иқтисоди «сабз»-ро рушд бояд дод
Олимон бар ин назаранд, ки самараноктарин роҳи кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва инчунин рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки истифодаи энергияи «сабз»-ро дар бар мегирад. Тибқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, иқтидори энергияи «сабз» рушд ёфта, аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» то соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт.
Қабули Барномаи «Кишвари сабз»
Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷонибдорони фаъоли қатъномаи Париж Барномаи «Кишвари сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул кард. Дар қатънома омадааст, ки тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст. Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад. 194 давлат ба қатъномаи Париж ҳамроҳ шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» дар ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Тоҷикистон — мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Конфронс метавонад ба ҳалли масъалаҳои марбут ба пешгирии обшавии пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз