20 МАЙ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕТРОЛОГИЯ. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май Рӯзи ҷаҳонии метрология эътироф шудааст. Бо ин мақсад имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти унвони «Ченкуниҳо барои тамоми давру замон ва тамоми башарият» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Метрология дар рушди иқтисоду тиҷорат ва саноат нақши муҳим дорад, зеро ҳар маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, бояд ба талаботу воситаҳои ченак мувофиқ ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар стандартҳо ҷовобгӯ бошад. Вазифаи асосии метрология аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарур аст, таъмин менамояд.
Фаъолияти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ амалӣ шудааст.
Тамоми самтҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза, яъне тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва амалӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфт. Ҳамзамон манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентӣ солҳои охир боз ҳам густариш ёфта, озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида ва мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шуданд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти мамлакат дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.
Аҳамияти ин рӯз барои метрологҳои ҳамаи мамлакатҳо ягона аст, зеро имзои Конвенсияи Метрӣ бо ҳусни оғоз бахшидан ба бунёди «низоми ягонаи ченак дар ҳамаи замона барои тамоми халқият» марҳалаи нави инкишофи метрологияи байналмилалӣ дониста шудааст.
Барои таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар тиҷорати байналмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо барои маҳсулоти гаронбаҳо истеҳсолкунандагон бояд риояи стандартҳои ғизоро нишон диҳанд. Илова бар ин, давлатҳо бояд амният ва тиҷорати одилонаро бахусус дар бозорҳои маҳаллии озуқаворӣ таъмин намоянд. Ҳамаи ин бо ченкунии боэътимоди миқдор ва сифати маҳсулоти ғизоии хом ва коркардшуда тасдиқ карда мешавад.
Таъмини ягонагии ченакро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳонӣ омили рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва равобити илмию техникии байни давлатҳо меҳисобанд. Вусъати савдои умумиҷаҳонӣ, истеҳсоли муштараки молҳо дар байни кишварҳо, ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ ва масоили муҳити атроф талаботро ба таъмини ченаки ягонаи байналмилалӣ зиёд менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»






