Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Май 22, 2025 21:30

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/.  22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси таъкид аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос нигаронида мешавад.

Дар ин самт амалисозии Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026 заминаҳои мусоиди густариши футболи ҷавонон, рушди инфрасохтор,  баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро дар мамлакат  фароҳам оварда истодааст.

Аз пешравию комёбиҳои дастаҳои миллӣ ва мунтахаби ҷавонону наврасони мамлакат дар сатҳи минтақавӣ  ва ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ҳамкории босамари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), аз ҷумла дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушду маъмулгардонии футбол назаррас арзёбӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешбурди муштараки ташаббуси болозикр ба ҷониби Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия ва ба кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, инчунин, барои дастгирию ҳамкориҳои судманд ба Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳимми тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Май 22, 2025 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид