Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкориро бо ширкатҳои «Presight AI h» ва «Scale AI» дар самти зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо ширкатҳои «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самти зеҳни сунъӣ зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо ҳайати намояндагони ин ширкатҳои пешсаф дар самти зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ширкати «Presight» соли 2020 дар Абузабӣ таъсис ёфта, зерсохтори холдинги технологии G42 буда, сармояи он ба 3,7 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Маҳсулоти аслии «Presight» — платформаи TAQ мебошад, ки зиёда аз 100 модели зеҳни сунъиро фаро гирифта, барои таҳлили ҳамаҷониба ва қабули қарорҳои асосёфта дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, молия, варзиш, хизматрасониҳои коммуналӣ, иқлим ва маориф ба таври васеъ истифода мешавад.
«Scale AI» соли 2016 дар шаҳри Сан-Франсискои Калифорния таъсис ёфтааст ва сармояи он ба 25 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Ширкат ба таҳлил ва аннотатсияи маълумот барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ машғул мебошад. «Scale AI» бо ширкатҳои бузург, аз ҷумла Meta, Microsoft, OpenAI ва Вазорати мудофиаи Амрико ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуданд. Дар ин раванд ҷиҳати омодасозии кадрҳо дар бахши зеҳни сунъӣ, рушди лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва локализатсияи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар дохили мамлакат имконоти ҳамкорӣ бо ширкатҳои номбурда, аз қабили таъсиси кластерҳои GPU ва маркази миллии абрии маълумот муҳокима карда шуданд.
Ҳайати намояндагони ширкатҳои пешсаф дар самти зеҳни сунъӣ «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Амрико бо шароити мавҷудаи бинои IT Park-и Душанбе шинос шуда, ба имконоти дар ин ҷо фароҳамшуда баҳои баланд доданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва пайваста пайгирӣ кардани тавофуқҳои бадастомада изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






