Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки аз 19 то 22 май дар Ҷумҳурии Алҷазоир баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи бонк Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд 10 июни соли 2024 ва мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат пайгирӣ намуданд.
Аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз Гурӯҳи Бонки исломии рушд ба иқтисоди миллии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.
Бо хушнудӣ гуфта шуд, ки Бонки исломии рушд лоиҳаи маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 миллион доллар, аз ҷумла 150 миллион доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 миллион доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб дастгирӣ намуд, ки раванди татбиқи он оғоз гардид.
Президенти Гурӯҳи бонк барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои пешниҳодгардида, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуд.
Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо дигар ташкилоти байналмилалии молиявӣ идома доранд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






