Арзёбии чангу ғубор ва таъсири манфии он ба вазъи беҳдоштӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, аз 30 апрел то 2 май дар баъзе ноҳияҳои мамлакат ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ифлос мегардад. Бинобар ин дар ин рӯзҳо табибон ба нафарони дорои бемориҳои дил, касалиҳои роҳи нафас, баландфишорӣ тавсия медиҳанд, ки аз баромадан ба берун худдорӣ намоянд ва дар ҳолати зарурӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
— Ифлосшавӣ ва олудашавии муҳити зист яке аз сабабҳои муҳимтарини паҳншавии бемориҳо маҳсуб шуда, яке аз омилҳои аслии фавти нобаҳангом дар саросари ҷаҳон гардидааст. Бо ин сабаб ҳамасола то чор миллион нафар сокинони ҷаҳон аз кӯдакон то солмандон ба ҳалокат мерасанд.
Фавтҳо асосан дар натиҷаи бемориҳои дил, сактаи қалб, бемориҳои музмини обструктивии шуш, саратони шуш ва сироятҳои шадиди кӯдакона ба вуҷуд меоянд. Омор ва фоизи фавтҳо дар натиҷаи ифлосшавии муҳити зист дар саросари ҷаҳон инҳоянд: 29 фоизи фавтҳо аз саратони шуш, 17 фоизи фавтидагон бар асари бемориҳои шадиди роҳи нафас, 24 фоизи фавтидагон бар асари инсулт буда, 25 фоизро бемороне ташкил медиҳанд, ки ба бемории дилу рагҳои хунгард гирифтор ҳастанд. Олудагии муҳити зист, чанг, хокбориш ва ҳавои ифлос барои беморони дил, шуш, узвҳои нафаскашӣ ва астма таъсири маргбор дошта, ба тавсияи табибон ва мутахассисон, бояд чунин гурӯҳи беморон ҳангоми офатҳои табиӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид ба ҳимояи беҳдоштӣ эҳтиёҷ доранд. Гурӯҳҳое, ки аз олуда гардидани муҳити зист бештар осеб мебинанд, бештарашон солмандон, кӯдакони зери панҷсола, беморони дилу шуш, диабети қанд ва узвҳои роҳи нафас мебошанд.
Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, ки тавассути асбобу таҷҳизоти муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН — МАКС-G (истеҳсоли Русия) ба даст оварда шудааст, шуруъ аз соати 06:24-и 30 апрели соли 2025 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон «хокбориш» ворид гардид. Таҳқиқот аз рӯйи таҳлили масири баръаксии чангу ғубор нишон дод, ки барои 30 апрели соли 2025 саршавии масири чанг дар баландии 2500 м аз давлати Либия (оғоз аз 24.04.2025) ба мушоҳида мерасад.
Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 4,5 километр ба қайд гирифта шуд.
Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – синк, никел ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардид. Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, арсеник, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 9 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар рӯзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои мамлакат қариб 6 маротиба зиёд шудааст.
Соати 06:24 –и 30 апрели соли 2025 ба фазои қисми маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе) хокбориш аз самти ҷануб ва ғарби мамлакат ворид гардид.
Тибқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, ки тавассути асбобу таҷҳизоти муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса), спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН — МАКС-G (истеҳсоли Русия) ва стансияи омӯзиши сифати ҳаво (истеҳсоли ИМА) ба даст оварда шудааст, шуруъ аз 30 апрели соли 2025 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон хокбориш ворид гардид. Таҳқиқот аз рӯйи таҳлили масири баръаксии чангу ғубор нишон дод, ки 30 апрели соли 2025 саршавии масири чанг дар баландии 2500м аз давлати Либия –Миср-Эрон -Осиёи Марказӣ (оғоз аз 24.04.2025 аз Фаронса) ба мушоҳида мерасад. Ин «хокбориш» фазои якчанд давлати Осиёи Марказиро фаро гирифт.
Расми 1. Масири тӯфонҳои чангу ғубор аз рӯи маълумоти сомонаи HYSPLIT дар 30.04.2025 барои ш. Душанбе
Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 4,5 километр ба қайд гирифта шуд.
Барои муайян кардани масири баръаксии ифлосшавӣ маълумот аз HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectory model), лабораторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanic and Atmospheric Administration,) [URL: http:// ready.arl.noaa.gov /HYSPLIT. php] гирифта шуд.
Аз рӯйи маълумот, масири чангу ғубор барои баландиҳои: 2500м — биёбонҳои қитъаи Африқо (кишвари Либия, Саҳрои Кабир) инчунин минтақаҳои биёбонии Миср-Эрону (Дашти Кабир ва дашти Лут) ва Осиёи Марказӣ-Афғонистон аст(расми 2);
Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – синк, никел ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2024 муайяншуда дарёфт гардиданд. Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, арсеник, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 9 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар рӯзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои мамлакат тибқи маълумоти АЭРОНЕТ аз 8 маротиба зиёд шудааст.
Аз ҷадвали 1 бармеояд, ки консентратсияи синк, никел ва оҳан дар таркиби намунаи чангу ғубор аз қимати миёнаи чандинсола каме зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Ҷадвали 1
Металлҳои вазнин дар таркиби чангу ғубор
Чи гунае, ки дар ҳисоботи қаблӣ ёдрас карда будем, манбаъҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор, новобаста аз он ки аз куҷо сарчашма мегирад, ҳамон нуқтаҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар он масир паст фаромадааст ( яъне ба Замин яксон шудааст) ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меоянд ( нигаред ба расми 1-2).
Тӯфонҳои чангӣ новобаста ба он ки аз куҷо сарчашма мегиранд, дарвозаи асосии воридшавияшон ба Тоҷикистон тавассути Афғонистон мебошад- сарҳади биёбони Айваҷ дар ҷануби Тоҷикистон (нигаред ба расми 1-2). Барои ҳамин ин тӯфонҳои чангу ғубор дар байни мардуми мо бо номи «боди афғонӣ» маъруф аст.
Расми 3. Маълумоти стансияи Офтобии Аэронет оид ба ғафсии оптикии аэрозол, миқдор ва параметри Ангстром.
Хокборише, ки 30 апрели соли 2025 ба фазои қисми ҷанубу маркази Тоҷикистон ворид гардид, яке аз хокборишҳои ғайриодӣ маҳсуб шуда, аз рӯи мавсими воридшавӣ ва бузургиаш, ки бисёрии кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст, нодиртарин хокбориш мебошад.
Фатҳиддин ЗАМОН,
Сармуҳаррири идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиаи Телевизиони Тоҷикистон