Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»

Май 31, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти на танҳо як минтақа, балки ҷаҳон  ҷамъ оварад. Агар мо имрӯз барои ҳалли ин мушкилот ба таври сарҷамъ ва муштарак  амал накунем, он дар оянда барои ҳар сокини ҷаҳон хатар дорад» ,- чунин иброз намуд намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Чупонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Номбурда афзуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Зеро ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст.

«Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ҳар сол сабаби хароб гаштани иншоот ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолии ҷаҳон мегардад. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некуаҳволии одамони сайёра таҳдид менамояд»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи гармшавии иқлим ҳамаи минтақаҳо зери хатар қарор мегиранд. Дар ҷазираҳои хурд ва кишварҳои аз сатҳи баҳр поён обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр ба инфрасохтори ҳаётан муҳим ва ҷомеаҳо таҳдид мекунад.

Дар ҷараёни суҳбат Ҳасани Чупонӣ  доир ба ташрифаш ба Тоҷикистон чунин баён намуд: «Авалин бор аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Ин зебоӣ ва ҳавои софи шаҳри Душанберо дар ягон давлати дигар надида будаам. Инчунин номгузории хиёбонҳои марказ ба ман хеле писанд омад. Номгузории хиёбонҳои пойтахти шумо нишони арҷгузорию эҳтиром ба  шахсиятҳои барҷаста мебошад».

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ