Аввалин таҳқиқоти Маркази яхшиносии Тоҷикистон оид ба тавозуни зимистона гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни корҳои таҳқиқотӣ оид ба гузаронидани тавозуни зимистона муайян намуданд, ки дар айни замон дар пиряхи Партияи гидрографии (ГГП) –и ҳавзаи дарёи Зарафшон баландии барф аз 2 то 4 метрро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) аз ҷониби мутахассисони Маркази яхшиносӣ аввалин маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ оид ба тавозуни зимистона дар пиряхи Партияи гидрографии (ГГП) -и ҳавзаи дарёи Зарафшон гузаронида шуданд. Чунин таҷриба дар мамлакат то кунун истифода нашуда буд.
Ин марҳилаи нави таҳқиқотӣ ба рушди устувори шабакаи мониторинги пиряхҳои мамлакат ва таҳкими асосҳои илмии омӯзиши захираҳои обии пиряхӣ мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии ченкуниҳои тавозуни зимистонаи пирях муайянсозии ҳаҷми барфе аст, ки давоми мавсими зимистон дар сатҳи пирях ҷамъ шуда, ҳамчун сарчашмаи асосии обшавии тобистона хизмат менамояд. Тавассути ин ченкуниҳо имкон пайдо мешавад, ки саҳми барф дар барқароршавии тавозуни пирях баҳогузорӣ гардад. Ин дар заминаи тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус пайдо менамояд.
Ченкуниҳо дар сатҳҳои гуногуни пирях- аз поён то болооб бо истифода аз чуқуриҳои (шурфҳои барфӣ) аниқ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, чуқуриҳои кандаи мутахассисон аз 2 то 4 метрро ташкил дод. Дар ҳар чуқурӣ ғафсӣ ва зичии умумии барф, нишондодҳои қабатҳои ҷудогона (барфи нав, барфи сахтшуда, қабатҳои яхкардашуда), обнокии барф, ҳарорат ва намнокии нисбӣ дар қабатҳои мухталиф аниқ карда шуданд.
Пиряхи Партияи гидрографӣ, ки дар қисми болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгир аст, яке аз муҳимтарин объектҳои таҳқиқотии пиряхшиносӣ дар мамлакат маҳсуб шуда, аз соли 2018 то инҷониб таҳти мониторинги пайваста қарор дорад. Ҳамон сол дар доираи ҳамкории байналмилалӣ бо Пажӯҳишгоҳи метеорологии Финландия дар наздикии пирях стансияи автоматӣ насб карда шуд, ки маълумоти ҳарсоата дар бораи ҳарорат, бориш, намнокӣ, суръат ва самти шамол ва дигар нишондиҳандаҳои обу ҳаворо сабт менамояд.
Ин пирях дар шароити иқлимии кӯҳӣ қарор дошта, сатҳи он бо деворҳои сарбаста ва нишебии калон маҳдуд шудааст, ки сабаби фаромадани обу лой ва лағжишҳои барфӣ дар фасли гарм мегардад. Ин амалҳо, ки ҳамасола, махсусан моҳҳои июл–сентябр ба мушоҳида мерасанд, ба устувории сохтори сатҳи пирях таъсири мустақим мерасонанд.
Ченкунии тавозуни зимистона дар пиряхҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои дарки дақиқи равандҳои обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ширини мамлакат мебошанд, заминаи муҳим фароҳам меорад. Зеро беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва пиряхҳо дар таъмини оби дарёҳо, обёрии заминҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли неруи барқ нақши асосӣ доранд.
Аз ин лиҳоз татбиқи ченкунии тавозуни зимистонаи пиряхҳо метавонад ба таҳияи пешгӯиҳои воқеъбинона оид ба захираҳои обӣ, инчунин арзёбии хатарҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат намояд. Ин таҳқиқот барои таҳияи Стратегияи миллии идоракунии захираҳои обии пиряхӣ низ аҳамияти калидӣ дорад.
Гузаронидани ченкунии тавозуни зимистона дар ин пирях на танҳо марҳилаи илмӣ, балки амали муҳим дар таърихи пиряхшиносии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин таҳқиқот на танҳо фаҳми моро оид ба равандҳои пиряхӣ афзун менамояд, балки ба иқдоми миллӣ дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии ҷумҳурӣ заминаи устувор мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро ба зиммаи Маркази яхшиносӣ вогузор намудааст. Маркази яхшиносӣ фаъолияти худро дар самти корҳои таҳқиқотӣ-экспедитсионӣ тақвият бахшида, дар доираи иҷрои бандҳои барнома ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» корҳои зиёдеро анҷом дод.
Давоми соли 2024 бо дастгирии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази яхшиносӣ ва зертобеони Агентии обуҳавошиносӣ 29 маротиба корҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ дар фасли зимистон оид ба омӯзиши қабати барф бо усули пиёда, 5 маротиба мушоҳидаҳо ба воситаи чархбол (аэровизуалӣ), 18 экспедитсия дар пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, кӯлҳои рахнашаванда, минтақаҳои хавфноки селфаро ва тармафарои ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.
АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






