АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Дӯстмурод Уроқов — аввалин олим дар Осиёи Марказӣ, ки дар соҳаи муҳосибот ва аудит рисолаи докторӣ дифоъ намудааст

ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май зодрӯзи Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Дӯстмурод Уроқов аст. Дӯстмурод Уроқов агар дар қайди ҳаёт мебуданд 83 сола мешуданд. Мактаби илмии профессор Дустмурод Уроқов яке аз мактабҳои бонуфузи соҳаҳои муҳосибот, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб мешавад. Ӯ дар Осиёи Марказӣ аввалин олиме мебошад, ки дар ин соҳаи мушкил рисолаи докторӣ дифоъ намуда, зери роҳбарии профессорон А.Д. Шеремет ва А.Ф. Аксененко назарияи баҳисобгирии идоракунӣ аз рӯи фаъолиятро таҳқиқ ва тавсияҳои муфиди илмӣ пешниҳод кардааст. Ин пешниҳод аз ҷониби аксар олимони мамолики гуногун мавриди эътироф қарор гирифт. Дар зер мақолаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзодаро дар бораи ин олими тоҷик пешниҳод менамоем.
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳми аҳли зиёро дар рушди мамлакат ёдовар шуда, фаъолияти илмиву тадқиқотии онҳоро дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ менамоянд. Сарвари давлат зимни суханрониҳо таъкид менамоянд, ки аҳли зиё бояд шогирдони асил тарбия намоянд, то кори онҳоро идома дода, барои рушди ҷомеа нақши муассир гузоранд.
Бузургии Пешвои миллат, шахсияти барҷаста, сиёсатмадори олии арсаи ҷаҳонӣ аст, ки хотираи фарзандони фарзонаи миллат, ки дар рушди илму адаб саҳм гузоштаанд, пос дошта мешавад. Яке аз ин шахсиятҳо падари бузургворам Дустмурод Уроқов ҳастанд, ки дар тарбияи шогирдон саҳми назаррас гузоштаанд. Зери роҳбарии профессор Дустмурод Уроқов беш аз 20 нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуда, имрӯз дар ҷомеа фаъолияти босамар доранд.
Бузургтарин неъмати дунё барои камол ёфтани як фард ва ташаккули шахсият муҳити оила ва волидон мебошанд. Бузургони гузаштаи мо аз Фирдавсӣ, Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Носири Хусрав, Унсурмаолии Кайковус, Ҷалолиддини Балхӣ то адибони шинохтаи имрӯз — устодон Айнӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ тарбияи падар ва устодро ҳамчун муҳаррик барои пешрафти инсоният бузург донистаанд. Ба устод ҳамчун роҳнамо ва шахсияти барҷаста арзиши олӣ қоил буданд.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихори беандоза аст, ки дар оилаи Дӯстмурод Уроқов, ки бароям ҳаққи устодӣ ҳам доранд, ба дунё омада, ба камол расидаам. Маҳз роҳнамоиҳои падарам маро водор намуд, ки пайроҳаи худро бо мавқеи устувор дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун як фарди садоқатманд ба Ватан -Модар, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва фидокор интихоб намоям.
Ёд дорам, падарам — Дӯстмурод Уроқов ҳамеша ин мисраъҳоро такрор мекарданд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд,
Ҳеҷ Мавлоно нагашт муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Падарам хислатҳои хоси худро доштанд. Аввалан, ҳамеша барандаи забони адабии тоҷикӣ буданд, оҳиста, ботамкин ва ҳалим, хеле шево ва ширин калом мегуфтанд. Дар тули ҳаётам аз падар сухани нороҳаткунанда нашунидаам. Танҳо чашмонашон, нигоҳи каме маломаткунандаашон кофӣ буд, то бифаҳмем, ки падарро нороҳат намудем. Падарам шахси ниҳоят меҳрубон ва ботамкин буданд. Тамоми ҳастии худро ба илмомӯзӣ, тарбияи шогирдон, ба модар ва мо, фарзандону наберагон мебахшиданд. Ба мо, фарзандон ҳамеша аз садоқат ба Ватан ва нигоҳдории ҷавҳари миллӣ сухан мегуфтанд ва аз ориётабории худ фахри беандоза менамуданд.
Меҳнатдӯстии падарам касро ба ҳайрат меовард, ҳатто дар давоми бемориашон паси компютерашон нишаста, аз нисф зиёди шаб кор менамуданд, асар эҷод мекарданд, ҳамзамон мақолаҳои илмӣ менавиштанд. Дар боғи бунёднамудаашон соатҳо ба кор машғул шуда, ба ҳар дарахту гулу гиёҳ бо муҳаббат назар карда, баҳри рушду нумуи онҳо талош мекарданд.
Падарам, устодам сурати зебо ва сиришти неку хайрхоҳона ба ҳама яксон доштанд. Олим буданду адиб, назм менавиштанду асарҳои бадеӣ, ки аз тарафи нависандагони шинохта ва маъруфи тоҷик -Кароматулло Мирзоев, Урун Кӯҳзод, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон хуш пазируфта шуда, миёни хонандагони зиёд маҳбубияти хосае пайдо намуданд. Падарам бо тахаллуси «Самим» чандин роман, девони шеър, очеркҳои таърихӣ ва осори мунтахаб низ навишта, нашр намудаанд. Маҷмуаи қиссаҳои саргузаштӣ «Қиссаҳои марғуби зиндагӣ», қиссаи «Мерган», романи «Овора», афсонаи «Шоҳин ва Моҳин», романи «Меҳрона», маҷмуаи шеърҳо «Тӯшаи дил», романи «Муҳофиз», асари таърихиву воқеии «Диёри файзбори ман» ҳикоя ва ёддоштҳо «Савтҳои зиндагӣ» достони «Шаҳбоз ва Гулноз» аз ҳамин ҷумла мебошанд.
Мероси бебаҳои устод ва падари азиз ба мо ва насли ҷавон — хислатҳои олитарини инсониашон, ки дар симои нурониашон пайваста ҳувайдо буд ва осори гаронбаҳои илмӣ ва адабиашон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Дӯстмурод Уроқов 5 майи соли 1942 дар шаҳри Ҳисор, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашон аз ҳамин донишгоҳ шуруъ шудааст.
Дӯстмурод Уроқов солҳои 1969-1974 муаллими калон, 1974-1991 дотсент, солҳои 1998-2003 мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аз соли 1992 ба ҳайси декани факултетҳои молиявию баҳисобгирӣ ва баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мавсуф рисолаи номзадиро соли 1969 дар аспирантураи Академияи молияи Москва ва рисолаи докториашонро соли 1989 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дифоъ кардааст. Дар давраи таҳсил дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун мушовири илмӣ барои тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи иқтисодиёт барои давлатҳо Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Узбекистон саҳм гузоштааст.
Аввалин рисолаи илмии Дӯстмурод Уроқов оид ба баҳисобгирии идоракунӣ бо теъдоди 50 000 ҳазор нусха дар нашриёти «Финансы и статистика»-и шаҳри Москва аз чоп баромад.Устод борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Олмон, Туркия, Эрон, Булғория, Голландия, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва дигар минтақаҳо дар бораи дастовардҳои илмии мамлакат маърӯза кардааст.
Дӯстмурод Уроқов аз соли 2000 Раиси Ассотсиатсияи муҳосибон ва аудиторони ҷумҳурӣ буд. Бо ташаббуси устод солҳои 2000-2008 гранти ширкати «Прагма» барои ташкили омӯзиш ва ҷорӣ кардани Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд.
Дӯстмурод Уроқов беш аз 200 китоби тадқиқотӣ, дарсӣ, илмию методӣ ва мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба нашр расондааст.
Барои саҳми шоиста дар рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисон ӯ бо нишони «Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шуравӣ» (1985), унвони «Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) сарфароз шудааст. Узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1995), академики Академияи илмҳои иқтисодии АвруОсиё (2003), узви Иттифоқи журналистон (2011) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014) мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз