РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст

Октябрь 15, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вақт зудгузар аст, лаҳзае таваққуф намекунад. Ҳама чиз мегузарад ва аз инсонҳо танҳо аъмоли нек боқӣ мемонад, аммо фалсафаи ин мафҳумро танҳо оқилон дарк мекунанд.  Ходими давлатӣ-сиёсӣ ва ҷамъиятӣ Исмоил Шафиев аз зумраи нафароне буд, ки имрӯз ба некӣ ёдаш мекунанд. Гарчанде аз дидаҳо дур бошад ҳам, аммо дар қалби мардум маскан дорад. Имрӯз ба даргузашти ин марди шариф расо як сол пур мешавад. Исмоил Шафиев 5 июни соли 1946 таваллуд шуда,  15 октябри соли 2020 аз олам даргузашт.

 Зиндагинома

Исмоил Шафиев маълумоти миёнаро дар мактаби деҳаи Баҳодурони ноҳияи Коммунистӣ (собиқ ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва Калининобод) гирифта, соли 1978 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм мекунад.

Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси аскари қаторӣ хизмат карда, то ба рутбаи полковники захиравии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.

Фаъолияти корияш аз соли 1965 ҳамчун корманди Ҷамъияти матлубот оғоз гашта, то соли 1978 дар вазифаҳои гуногуни Ҷамъияти матлуботи шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) кор кардааст.

Сипас, аз соли 1978 то соли 1980 ҳамчун ҷонишини раиси Раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ (имрӯза Кӯшониён) кор кард. Аз соли 1980 то соли 1989 ба ҳайси раиси Раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ, аз соли 1990 то соли 1992 ҷонишини якуми раиси Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон ва аз соли 1992 то соли 1995 ҳамчун раиси  Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон фаъолият  доштааст.

Дар оғози солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ Исмоил Шафиев  (соли 1992) бо дастур ва дастгирии бевоситаи онвақта раиси Кумиҷроияи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти нону хӯрокворӣ ва сару либоси зиёда аз ҳазор нафар оилаҳои гуреза ва ятиму бепарасторе,  ки дар муассисаи техникии №40 шаҳри Леваканд қарор гирифта буданд, давоми 67 рӯз ба уҳдаи ӯ вобаста гардида буд. Он замон қаҳтии сангин кишварро фарогир буд. И Шафиев бо мошини калони боркаш ба ноҳияҳои вилояти Кӯлоб сафар карда, орду гандум, ҷаву зуғор ҷамъ оварда, барои  гурезагон меовард. Ҳамин буд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни ӯро қадр намуда, соли 1996 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Калининободро аз ноҳияи Коммунистӣ ҷудо намуда, ба он мақоми шаҳр доданд. Исмоил Шафиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин раиси шаҳри  Сарбанд (имрӯза Левакант) таъйин шуд. Дар тӯли фаъолияти роҳбарии И. Шафиев то соли 1999 шаҳри Сарбанд ба яке аз шаҳрҳои пешқадаму фаъоли на танҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ табдил гардид. Агар аз нигоҳи саноатӣ назар кунем, дар шаҳр даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд шуда, чандин пулу роҳҳои мошингард тармиму аз нав эҳё гардиданд, ки ба рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат намуд. Дар паҳлуи дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр соҳаи аграрӣ низ вусъати тоза пайдо намуда, шаҳри Сарбанд давоми 5 сол нақшаи чиниши пахта ва андози давлатиро дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, барзиёд иҷро намудааст. Инчунин аҳли фарҳанги шаҳр дар озмуни “Андалеб-96” дар байни ноҳияҳои вилоят ҷои якумро гирифта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Давоми солҳои 1996 то 1999 Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сарбанд 5 маротиба сафари корӣ анҷом доданд.

Аз соли 1999 то соли 2001 И.Шафиев ба ҳайси ҷонишини якуми раиси Кумитаи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар самти сиёсати хусусигардонии амволи давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми назаррас гузоштааст.

Солҳои 2001 — 2006 И. Шафиев ба ҳайси раиси ноҳияи Ғозималик (имрӯза Хуросон) фаъолият намудааст.  И. Шафиев ба ноҳияе раис таъйин гардид, ки аз лиҳози масоҳат бузургтарин дар вилоят ва дар масири шоҳроҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа (шаҳри Бохтар) ҷойгир буд, ки макони рафту омади сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад. Бо омадани И. Шафиев маркази ноҳия ободу зебо гардида, дар ду тарафи роҳ даҳҳо дӯкону мағоза ва ошхонаю нуқтаҳои фурӯш ва дигар иншооти хизматрасон бунёд гардиданд.

Дар ин давра соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия рушд намуданд. Ноҳияи Хуросон то соли 2000 ҳамагӣ 2600 тонна пахта месупорид. Давоми солҳои 2001-2006 нақшаи чиниши пахта ба 14.600 тонна расид, заминҳои бекорхобидаи чандинсола ва заминҳои зеробӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа ба заминҳои корам табдил гардиданд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хати қубурҳои обкашонии “Лоиқасой”, ки 70 дарсади ноҳияро обёрӣ мекунад, ба истифода дода шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Шафиев соли 2007 директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин вазифа то соли 2010 кор кард. Бо дастгирӣ ва дастури  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаҳои дӯзандагӣ барои таъминоти сару либоси низомиёни кишвар бо матои ватанӣ, тахти хоб, дар назди Агентӣ бунёд кардани хоҷагиҳои деҳқонии ёрирасон ва чорводориву лавозимоти зарурӣ барои артиши миллӣ бунёд гардиданд. Бо пешниҳоди И. Шафиев бори аввал консерваҳои махсуси “тӯшаи аскар” аз меваҳои хушки ватанӣ омода гардиданд.   Мавсуф соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нафақахӯри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба нафақа баромад.

Муҳтарам Пешвои миллат дар ҷаласаҳои кории Ҳукумат ва зимни сафарҳояшон ба вилояти Хатлон борҳо аз хизматҳои назарраси И. Шафиев дар байни аҳли зиё зикри номи неки ӯро  мекунанд.

Дар давраи фаъолияти меҳнатияш бо мукофотҳои зиёди давлатӣ сарфароз гардидааст.

Яке аз аввалинҳое мебошад, ки ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гаштааст. Дар солҳои охири зиндагӣ ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият мекард.

Мактаби зиндагӣ: ёди дӯстон

 Нарзулло Юсуфов, рафиқи давраи бачагии Исмоил Шафиев: «Дар бораи хислатҳои ҳамидаи Исмоил Шафиев чӣ қадаре, ки гап занем, кам аст. Аз синфи 1-ум то 9-ум якҷо таҳсил кардем, дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ касб омӯхтем.  Дар давраҳои таъсиси шаҳри ҳозираи Левакант барои рушди он саҳми босазо дорад. Дар солҳои роҳбарияш дурнамои ҷамъоварии пахта низ сари вақт иҷро мешуд.  Инсондӯст, хоксор буд. Дар тарбияи фарзандон сахтгирӣ мекард. Маҳз ҳамин аст, ки ҳамаи фарзандонаш дар ҷомеа соҳибобрӯянд. Ӯ як мактаби бузурги зиндагӣ буд. Бисёр зирак ва одамшинос буд, камбудиро дар рӯйи кас мегуфт. Рафиқдӯстдор буд”.

Васфи ӯ бо ду сухан тамом намешавад…  

Сангалӣ Раҳимов, собиқ сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон: “Зиёда аз 40 сол мешавад, ки Исмоил Шафиевро мешиносам. Дар ин давра рафтуомад ва суҳбатҳои зиёд доштем. Инсони фозил ва закӣ буд, табъи нозук дошт. Замоне ки роҳбари Тоҷикматлуботи ноҳияи имрӯзаи Кӯшониён буд, мағозаҳояш бисёр тартиби хуб доштанд ва хоси худаш буданд, ки ман ин гуна тартибу низомро дар ҷойе надидаам.

Аз ҳолашон зуд-зуд хабар мегирифтам, зеро шахсе, ки ба қадри сухани ман мерасид, ин Исмоил Шафиев буд.

Фарзандони хуб дорад, оилаи намунавӣ тарбия кард. Тамоми вуҷуду ҳастияш барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон буд. Ӯ воқеан ҳам шахсияте буд бузург ва доштани чунин рафиқ бароям ифтихор аст.

Истеъдоди баланди роҳбарӣ дошт. Ба ҳеҷ кас сухани қабеҳ намегуфт. Дар он ҷойҳое кор кард, ки дар ҳоли таназзул қарор доштанд, аммо ӯ обод кард, корхонаҳоро пешрав намуд. Оид ба фаъолияти нафароне  мисли Исмоил Шафиев бояд роман навишт, танҳо бо ду сухан ҳама чизро гуфта намешавад. Бояд ҷавонон аз таҷрибаи чунин шахсият  омӯзанд”.

Фарзанди хуб – боғи падар… 

А. Ализода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон: “Исмоил Шафиев яке аз ходимони давлатӣ-сиёсӣ ва ҷамъиятӣ буд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай ҳиссиёт, диди баланди хештаншиносӣ ва ватанхоҳӣ дошт. Инсони хоксор ва саховатманд буд.

Яке аз он нафаронест, ки дар мураттаб намудани матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми созгор гузоштааст.

Фарзандони солеҳ ва бообрӯ дорад, ки дастуру гуфтаҳо ва насиҳатҳои падарро бечунучаро иҷро мекунанд. Кам оилаҳоро дидаам, ки фарзандон дар чунин вазифаҳои баланди давлатӣ кор карда, то ин ҳад дар итоати фармони падар бошанд.

Инсони дасткушод буд. Солҳои охири ҳаёт ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият дошт ва аз ҳисоби малағҳои худӣ ба собиқадорон кумак мерасонид.

Ташаббускор буд, дар кадом шаҳру ноҳия ва соҳаҳое, ки ба ҳайси роҳбар кор карда бошад,онҳо аз сатҳи қафомонӣ ба сатҳи пешқадамӣ расиданд”.

Аҳди бародарӣ аз ошноӣ то рӯзи вопасин

Зайдулло Ҳабибуллоев, ҳамсабақи Исмоил Шафиев: “Аз соли 1978, аз давраи донишҷӯӣ бо ӯ дӯстӣ доштам. Вақте бори аввал ба хонаашон рафтам, Исмоилҷон маро бо падараш- бобои Шафӣ шинос карда, гуфт, ки ин кас додари ман аст. Падар низ гуфтанд, ки агар додари ту бошад, пас писари хурдии ман аст. Аз он лаҳза аҳди бародарӣ бастем ва то рӯзи зинда будан бо фарзандонаш низ рафтуомади доимӣ хоҳам дошт.

Акаи Исмоил бисёр меҳрубону дилсӯз буданд. Ҳафтае набуд, ки аз ҳоли ҳамдигар бехабар бошем. 42 сол ҳамдигарро мешинохтем ва ӯро акаҷон мегуфтам.

Мо — ҳамкурсон се нафар бисёр бо ҳам дӯстии наздику қарин доштем: ман, Исмоил Шафиев ва ҳамчунин рафиқи дигарамон Абдулло Юнусов аз ноҳияи Муъминобод. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва меҳру муҳаббати самимиямон буд, ки як писарамро Исмоил ва дигарашро Абдулло ном гузоштам.

Вақте фарзандонаш амакҷон гуфта, ба ман муроҷиат мекунанд, қабат-қабат гӯшт мегирам ва фахр мекунам, ки бо чунин инсонҳои нексиришт робитаи қавӣ дорам”.

Мансаб ӯро тағйир надод

Султон Валиев, яке аз дӯстони И. Шафиев: “Тахминан 3 ё 5 январи соли 1993, баъд аз он ки вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба як вилоят, яъне вилояти Хатлон табдил шуданд, дар шаҳри Қӯрғонтеппа сессия баргузор гашт ва мо аз Кӯлоб омада, дар сессия иштирок кардем. Ман узви комиҷроияи вилояти Кӯлоб будам ва акнун вакили комиҷроияи вилояти Хатлон таъйин шудам. Баъди анҷоми сессия мо дар берун суҳбат мекардем ва як одами хушқаду қомати зебо омаду салому алейк карду гуфт, ки “ман — Шафиев. Хонаи ман дар Боҳтуробод. Биёед, дар хонаи мо як пиёла чой менӯшеду баъд меравед”. Ҳаво сард буд. Ҳарчанд мо гуфтем, ки вақтамон кам, аммо якравӣ кард, ки “мо шуморо чой нанӯшида, намегузорем, ки равед”. Ба хонааш рафтем. Аз ҳамон рӯз Исмоил Шафиевро шинохтам ва то охирин нафасе, ки суҳбат карда тавонистем, якдигарро қадр мекардем, сидқан дӯст медоштем ва дӯсту бародар шудем.

Дар ҳамаи одамон хислатҳои хуб ҳастанд, лекин Исмоил Шафиев тамоман фарқкунанда буд, гӯем, хато намекунем. Бо Исмоил Шафиев агар суҳбат мекардӣ, гумон менамудӣ, ки аз давраи бачагӣ мешиносияш, бо меҳр сухан мегуфт. Вақте ӯро медидӣ, хоҳу нохоҳ хурсанд мешудӣ, чеҳраи кушода дошт, аз ҳад зиёд самимӣ буд, ки ин дар ҳар кас дида намешавад.

Хислати дигараш ҳамин гуна буд, ки вақте бо ӯ вомехӯрдӣ, ҳатман самимона ба як пиёла чой ё дар хонааш, ё дар хонаи ҷӯрааш, ё дар ошхона даъват карда, суҳбат меорост ва пасон гуселат мекард.

Хислати дигараш ҳамин буд, ки рафиқияш дар забон не, балки дар амал буд. Имрӯз ҳамин хислату рафторҳояшро дар фарзандонаш мебинем.

Хислати дигараш ҳамин буд, ки ҳарчанд дар мансаб боло мерафт, ҳамон андоза хоксор мешуд. Мансаб ӯро тағйир надод, баръакс фурӯтан намуд.

Хислати дигари беҳтаринаш ҳамин буд, ки ба халқу миллат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр содиқ буд.

Дар даҳаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ шароит бисёр мушкил буд, аммо ҳангоме бо чунин нафарон суҳбат мекардем, дилгармиямон ба зиндагӣ меафзуд”.

Аз дида ба дилҳо рафт

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз дӯстони наздики И. Шафиев: “Исмоил Шафиев шахсияте буд, ки фоидаааш ба ҳама мерасид, бо ҳама як буд, марди заминӣ, рафиқи хуб, рафиқи шафиқ буд.

Дар мусофират ҳамсафари беҳамто буд. Дар мавсими ҳаҷе, ки ҳамроҳ будем, дар Арафот наздам омад, ки дар даст баландгӯяк доштам. Гуфт, ки дар ҳаққи тинҷии Тоҷикистон дуо кунед. Ҳамсояҳо, ёру рафиқонашро номбар мекард, ки дар ҳаққи онҳо дуо кунем.

Шахсе буд, ки ҳаққи нону намакро пос медошт. Тоҷикияти баланд дошт ва аз тоҷик будани худ ифтихор мекард. Дар Байтулмуқаддас ёд дорам, ки барои ҳамзабонҳоямон -яҳудиёни бухороӣ, ки аз Тоҷикистон рафта, дар онҷо муқимӣ шуда буданд, туҳфаҳо гирифта буд.

Дар сафари Байтулмуқаддас ҳамроҳи Исмоил Шафиев бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Борис Наматиев, ки дар давлати Исроил сукунат дошт, суҳбат оростем. Аз ҷумла, ин пири ҳунар ба мо гуфт: “Роҳбари давлататонро эҳтиёт кунед. Ӯ марди нодир аст, ӯро иззат кунед”. Ба ин хотир як рубоиро аз шоир Аҳдӣ ёдоварӣ карда, ба ифтихори Роҳбари давлатамон замзама намуд ва хоҳиш кард, ки ба ӯ расонед.

Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,

 Додаст туро ду чиз, к-он ҳам, ки накӯст.

 Ҳам сирати он ки ҳамаро дорӣ дӯст,

 Ҳам сурати он ки ҳамаат дорад дӯст.

Ин қиссаро дар чандин маҳфилҳо гуфтам ва ин рубоӣ дар маърака ва ҳамоишҳои зиёд садо дод.

Ӯ қадри баланд дошт, бо касе кор карда буд, ҳурмату эҳтиромашро медонистанд.

Рӯзе баногаҳ фарзандашон занг заданд, ки падарамон аз дунё гузашт. Дар роҳ ба ҷаноза меомадам, худ ба худ ба андеша фурӯ рафтаму байти Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотирам омад:

Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд,

Чашми ибрат бикушо, хоҷа, агар инсонӣ.

Дар ин рӯз хеле таъсирбахш буд, ки дар мавъизаи ҷанозааш гуфтанд:

Ин ду рӯзе, ки ҳаёт аст, чунон бояд зист,

Ба халоиқ каму беш саное бирасад.

Вақти рафтан чу расид, низ чунон бояд рафт,

Ки зи бегонаву аз хеш дуое бирасад.

Дар сари мазораш рӯзи видоъ ба осмон нигаристам. Пораи абрҳои парешон дар осмон буд. Рубоии зерин ёдам омад:

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

Ин дида ба сели обшорон монад.

Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

Ангушт газидане ба ёрон монад.

Чун ба зиёрати қабраш рафтам, рубоиеро дар санги мазораш навишта дидам, дар ин асно байте дар хотирам ҷилва хӯрд:

Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Ҳар гоҳе, ки марҳум Исмоил Шафиев пеши хотирам ояд, бо ин мисраъҳои шоир Бозор Собир қалби худро таскин мебахшам:

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.

Баракати номи падар

Дилшод Шафизода, фарзанди И. Шафиев: “Ҳамчун фарзанд худро вазифадор донистем, ки хона-музей ташкил кунем. Тамоми имконе, ки доштем, хотираҳои дастраси падарро гирд овардем, ки шояд ба нафаре маълумоте оид ба қиблагоҳи зиндаёдамон лозим ояд, аз ин ҷо пайдо карда тавонад. Падарон бузурганд, ба қадри онҳо бояд бирасем. Ростӣ, ин хизматҳои мо пеши заҳматҳои падари бузургворам ҳеҷ аст, аммо барои таскини қалб саъю кӯшишеро то қадри имкон баҷо овардем.

Баъди вафоти падар дар Ҷамоати деҳоти Гулистон хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Исмоил Шафиро ташкил кардем, ки дорои 15 гектар замини кишт мебошад. Имсол хоҷагӣ дар ҳудуди шаҳри Левакант аввалин шуда, дурнамои пахтаро иҷро кард ва то ба имрӯз иҷрои дурнамо ба 130 фисад расидаву онро то ба 150 дарсад расониданием, ки дар ҳудуди вилоят айни ҳол аз ҷумлаи пешқадамон маҳсуб мешавад. Аз ҳисоби хоҷагӣ эҳтиёҷмандонро кумак мекунем, фаъолони хоҷагӣ доиман қадрдонӣ мешаванд ва фикр мекунам, ки ҳамаи ин аз баракати номи падари бузургворамон аст.

Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи “Ҷоми футболи хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Исмоил Шафӣ” ташкил карда шуд, ки ғолиби ин мусобиқа дастаи Ҷамоати деҳоти Гулистон гашт”.

Мартабаро аз падар дарёфтам

Рустам Шафиев, писари калонии Исмоил Шафиев: “Аз овони кӯдакӣ то рӯзҳои реҳлаташон падари бузургвор роҳбаладамон буд. Ба кадом мартабае расида бошем, бо шарофати раҳнамоиҳои падар расидаем. Қиблагоҳамон доиман таъкид мекарданд, ки дар муошират бо мардум боэҳтиром ва ҳамеша пайи амалҳои нек бошед. Дар зиндагӣ падар барои ман мактаби бузурге буд. То рӯзе, ки ҷон дар  рамақ дорам, дар хизмати халқу миллат, Роҳбари давлат содиқ мемонам, зеро ин ҳама аз насиҳату ҳидоятҳои ҳамешагии падарам мебошад”.

                                                                     Ҳозиркунандаи чоп:
                                                                         Завқибек ПӮЛОД

                                                           АКСҲО аз бойгонии Исмоил Шафиев

Октябрь 15, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф
НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД… Агар умр вафо мекард, имрӯз булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир 75-сола мешуд
РЎЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ: Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст