Аз вилояти Хатлон беш аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Май 12, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Балхӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҳаҷми 222 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Маҳсулоти кишоварзӣ  тавассути   мошинҳои боркаш ба Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешаванд. Аз маҳсулоти содиротшуда 100 тоннаро пиёзи барвақтӣ, 100 тоннаро зардолу, 22 тоннаро лаблабу ва миқдори муайянро карам ташкил медиҳад.

Ба хотири беталаф ва сари вақт содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»  таъсис дода шудааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати содиротӣ ва дастгирии кишоварзони мамлакат амалӣ шуда, ба рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии маҳсулоти табиии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Имсол дар вилояти Хатлон аз ҳисоби сохторҳои марбут ба содирот Равзанаи ягона ташкил гардид. Он раванди интиқоли маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба берун аз мамлакат хеле осон намудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 12, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд