БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои омодагӣ оғоз гардиданд. Дар арафаи ин ҷашн дар вилоят чандин иншоот мавриди истифода қарор мегиранд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Доир ба ин созандагию ободонӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Амид Комилбек дар мақолааш ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар кардааст:
— Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ давлати кӯҳсор буда, аз имконияти роҳи баҳрӣ ва захираҳои сӯзишворӣ дар канор мебошад. Яке аз мушкилоти асосии дохилии мамлакат, ки аз даврони собиқ боқӣ монда буд, ин надоштани робитаи мустақиму доимӣ байни минтақаҳо ва маркази мамлакат – шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ин омил яке аз сабабҳои низои дохилӣ ба ҳисоб мерафт.
Таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ ва сифатҳои бузурги сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин мушкилии муҳими давлатӣ бартараф гардид. Тоҷикистон ба давлати воҳид табдил ёфт. Мубаддал гардидани Тоҷикистон ба мамлакати воҳид кори саҳл набуд. Дар шароити баъди ҷанги шаҳрвандӣ масири солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки маҳз тавассути мактаби давлатдорию маҳорати бузурги дипломатии Сарвари давлат ва ҷалби сармояи хориҷӣ роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила таҷдиду навсозӣ гардиданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт иброз доштанд, ки “бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард дар панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯйи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифта аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид”.
Дар ҳақиқат сатҳу сифати роҳҳои таҷдидгардида дар қаламрави мамлакат баланд буда, ҳангоми лоиҳакашӣ нозукиҳои муҳандисӣ ва релефи минтақаҳо ба инобат гирифта мешавад.
Яке аз шоҳроҳҳои бузурги қаламрави ҷумҳурӣ – роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма дар назди сарҳади Чин мебошад, ки барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Шоҳроҳ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, қитъаҳои алоҳидаи он аз нав таҷдид гардиданд ва ҳоло корҳои лоиҳакашӣ дар мавзеъҳои дигари он идома доранд.
Қитъаи роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма ҳанӯз соли 1999 ба истифода дода шуд, ки он барои мамлакати тозаистиқлоли мо воқеаи таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми ифтитоҳи расмии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “аҳамияти бузурги ин шоҳроҳ дар пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати халқи Тоҷикистон, афзудани мақоми геополитикии давлат дар минтақа ба ҳамаи шумо маълум аст”.
Қисмати дигари ин шоҳроҳ, ки барои минтақаи Бадахшон ва дар маҷмуъ барои Тоҷикистон роҳи ҳаётӣ маҳсуб мешавад, қитъаи Кӯлоб-Қалъаи Хумб мебошад. Гарчанде ки масофаи ин роҳ дароз нест, вале аз ҷиҳати мавқеи географӣ аз қаъри кӯҳҳо мегузарад ва сохтмони он дар он замон барои мамлакати мо осон набуд. Иродаи бузурги Пешвои миллат буд, ки ин масири роҳ моҳи январи соли 1999 ифтитоҳ гардид.
Доир ба аҳамияти ин роҳ барои мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “ҳарчанд дар бораи аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин роҳи мошингард борҳо гуфтем, ин ҷо зарур медонам як нуктаро махсус таъкид намоям: бо кушода шудани роҳ ва оғоз гардидани рафтуомади нақлиёти байналмилалию дохилӣ Тоҷикистон дар тамоми фасли сол бо Бадахшон ва кулли давлатҳои Осиё робитаи доимӣ пайдо менамояд. Ин шоҳроҳ барои Тоҷикистон воқеан шоҳроҳи мустақилияти ҷумҳурӣ, шоҳроҳи ваҳдату дӯстии мардуми Бадахшону Хатлон ва тамоми сокинони Тоҷикистон буда, бешубҳа, яке аз омилҳое мебошад, ки ба пешрафти қатъии иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд”.
Мавриди истифода қарор додани ин қитъаи роҳ мушкилоти ҳазорсолаи сокинони Бадахшону Хатлонро аз байн бурд ва барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун шоҳроҳи ваҳдат дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Роҳи мазкур қад — қади рӯдхонаи Панҷ дар сарҳад бо давлати ҳамсоя — Афғонистон мегузарад, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Маҳз тавассути ин шоҳроҳи байналмилалӣ имрӯзҳо якчанд иншооти сарҳадӣ бунёд гардиданд, ки барои мудофиаи давлат ва амнияти он муҳим мебошанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ин шоҳроҳ марҳила ба марҳила таҷдид гардида, рафтуомади сокинону сайёҳонро осон намуд ва боркашонии байнидавлатӣ чандин маротиба афзуд.
Яке аз қитъаҳои дигари мушкилгузари ин шоҳроҳ мавзеи Дарвоз — Ванҷ ва даромадгоҳи Рӯшон мебошад, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ соатҳои дароз онро паси сар менамуданд. Соли 2021 сохтмону навсозии ин мавзеи роҳ оғоз гардид ва то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмуъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад. Дар асоси лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Имсол дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ин қитъаи роҳ ба истифода дода мешавад. Инчунин мавзеъҳои алоҳидаи ин роҳ- долони зиддитармавӣ ва пулҳои мошингузар дар шаҳри Хоруғ ва деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор мегиранд.
Ҳамчунин корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон- Варшези ноҳияи Шуғнон сар шуда, бо анҷоми корҳои лоиҳакашӣ сохтмони он оғоз меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят ҳамчунин чор пули болои дарёи Панҷ сохта, ба истифода дода шуданд, ки тавассути онҳо Тоҷикистон бо давлати Афғонистон робитаи бевосита пайдо намуд. Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бозорҳои наздисарҳадӣ фаъолият менамоянд, ки ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат- баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ сабаби табдили он ба давлати транзитӣ мегардад.
Имрӯзҳо боркашонӣ тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ба маротиб зиёд гардида, гардиши савдои хориҷӣ бо давлати Чин миллиардҳо сомониро ташкил медиҳад. Ворид намудани техникаю таҷҳизоти муосир тавассути ин шоҳроҳ ба раванди амалисозии ҳадафҳои дигари стратегӣ- истиқлоли энергетикӣ, амнияти озкуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд. Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат, пеш аз ҳама, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва бақои давлат аҳамияти бунёдӣ доранд.
АКС аз муаллиф