Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи «Вахш» фестивали бошукуҳ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар бо ташаббуси Клуби футболи «Вахш» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони шаҳр фестивали идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивал бо бозиҳои намоишӣ, машқҳои кушод, озмунҳои шавқовар ва баромади варзишии кӯдакон пурра гардид. Ҳамзамон ба кӯдакони иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси хурсандии онҳо гардид.
Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шудани 25 май бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи ҷаҳонии футбол маҳсуб мешавад.
Рӯзи ҷаҳонии футбол ба имконияти нав барои ҳамгироии бештар, ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол ва таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии варзиш табдил хоҳад ёфт.
Ин гуна чорабиниҳои варзишӣ ба рушди футбол дар сатҳи маҳал ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим мусоидат менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






