Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футболи хурд байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд

Май 26, 2025 15:24

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъбаст гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа 24 даста  давоми 2 рӯз байни ҳам рақобат намуда,  ғолибони 3 зинаи ифтихорӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян гардиданд.

Байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ Литсейи касбӣ- техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм ва Литсейи  касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи якум, Коллеҷи тибби ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи дуюм, Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷойи сеюм гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Диплом, «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии кумита тақдим гардид.

Зимни ҷамъбасти мусобиқа иброз гардид, ки имрӯз дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар самти варзиш ба муваффақияти назаррас ноил шавад.

Қабули пешниҳод оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро аз иқдоми намунавии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши ҳамкории байналмилалии варзишӣ нишон дод. Ин ташаббуси башардӯстона ҷомеаи ҷаҳонро ба олами футбол боз ҳам наздик намуда, дар рушду оммавигардонии футбол нақши беназир мегузорад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2025 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд