Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд

Май 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо ташаббуси Раёсати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш бо намоишгоҳи маҳсулоти тиббӣ ва дастовардҳои ҷавонон, ки дар даромадгоҳи донишгоҳ ташкил гардида буд, шинос шуданд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ ба масъалаҳои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамоянд. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад,  бори дигар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри умедбахши ҷомеа дарак медиҳад.

Ҳоло саҳми ҷавонон дар рушду пешрафти Ватан назаррас буда, ин қишри умедабахши ҷомеа дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим фаъолияти пурсамар дорад. Махсусан, саҳми ҷавонон дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ низ назаррас аст. Имрӯзҳо дар ин соҳа ҷавонон ба ҳайси табиби мушфиқу ғамхор вазифа ва масъулияти хешро сарбаландона иҷро менамоянд.

Дар доираи ҳамоиши идона ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни «Беҳтарин табиби ҷавон», «Беҳтарин табиби оилавии ҷавон», «Беҳтарин ҳамшираи шафқати ҷавон» ва «Беҳтарин ҳамшираи оилавии ҷавон» баргузор гардида, ғолибон бо Диплом ва мукофотпулӣ  қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?