Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 30, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» (Oxford International Education Group (OIEG) Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд, дар доираи ин санад донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд метавонанд тавассути барномаҳои ин муассиса дар донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ва Австралия таҳсил намоянд.

Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» яке аз муассисаҳои хусусии байналмилалии таълимие аст, ки соли 1991 таъсис дода шудааст. Ҳадафи он фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳсили босифат барои донишҷӯёни тамоми ҷаҳон мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

Май 30, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид