Байни Тоҷикистон ва Русия мубодилаи почта барқарор гардид

Май 21, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия пас аз таваққуфи яксола мубодилаи почтаи байналмилалӣ барқарор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ба маълумоти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон мерасонад, ки аз ин пас онҳо имкон доранд мактуб, баста, равонак (посылка)-ҳоро ба тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия равон намоянд.

Ёдовар мешавем, ки «Почтаи тоҷик» бо 180 давлати ҷаҳон мубодилаи почта менамояд. Ҳамзамон бо 11 кишвари аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интиқоли пулӣ дорад.

Дар ҷумҳурӣ 50 марказ, 550 шуъба, 3 муассисаи вилоятӣ, 1 байниноҳиявӣ, почтамти Душанбе, Маркази коркарди почта, Маркази марка ва Маркази махсуси ҷумҳуриявии алоқа фаъолият дошта, 691 қуттии почта мавҷуд аст.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд