Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 қабул гардид

Май 31, 2025 15:48

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул гардид.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 «Дар бораи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» бо мақсади идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ таҳия гардид.

Барнома инчунин барои ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, иқтисоди “сабз”, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таҳия карда шудааст. Ҳамчунин он ба беҳтар кардани самаранокӣ, шаффофият, сари вақт гирифтани маълумот, истифодаи самараноки обу замин, рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.

Ҳадафи ин барнома таҳияи маҷмуи тадбирҳо оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Он вазъи кунунии кишоварзии рақамиро дар мамлакат арзёбӣ намуда, мушкилот ва имконияти асосиро муайян мекунад, нақшаи чорабиниҳоро барои  суръат бахшидани татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва деҳот қадам ба қадам пешниҳод менамояд.

Тоҷикистон солҳои охир дар татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла телекоммуникатсия, молия ва хизматрасониҳои давлатӣ ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дар ин раванд рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ аст. Рақамикунонии кишоварзӣ — воситаи муҳимме мебошад, ки метавонад барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ ва табдил додани он ба яке аз соҳаҳои муосир, рақобатпазир ва устувор мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд