Барои кӯдакон аз кадом синну сол бояд китоб хонданро шуруъ кард?

Май 2, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бисёре аз волидон мепурсанд, ки барои кӯдакон аз кадом синну сол бояд китоб хонданро шуруъ намоянд? Навзодон, кӯдакони навқадам ва кӯдакони синни томактабӣ аз ин ки барои онҳо китоб хонда шавад, манфиати зиёд мегиранд. Бо мақсади ташвиқи китобхонӣ ба кӯдак ва хондани китоб барои волидон ниёз ба китобхонаи калон нест. Мутаассифона, баъзе аз оилаҳои ҷавон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир накарда, шиносоии кӯдакро бо китоб, ки марҳилаи бисёр муҳим дар ҳаёти хурдсолон аст, ба вақти дигар (ҳатто дар баъзе ҳолатҳо то ба мактаб рафтан) мавқуф мегузоранд. Чунин иброз доштааст омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор Нодира Пардаева дар мавзуи нақши асарҳои бадеӣ дар ҳаёти кӯдакон. Дар зер чанд тавсияи омӯзгор пешниҳод мегардад.

-Кӯдакони хурдсол (навзодони то 6-моҳа) аз китобҳое лаззат мебаранд, ки расмҳои оддӣ, вале рангоранг бо дурахшиши баланд доранд. Ҳангоми тамошои китоб бо кӯдакатон суҳбат кунед, аммо хондани калимаҳои он зарур нест.
Бо афзоиши синни навзод (7 то 12 моҳагӣ) шумо метавонед китобҳоеро барои ӯ мутолиа кунед, ки ибораҳои сода ё танҳо як хат матн дар ҳар саҳифа доранд. Навзодони аз 12 то 18-моҳа аз китобҳое лаззат мебаранд, ки дар онҳо акси кӯдакони дигар ҳангоми анҷоми корҳои рӯзмарраӣ тасвир ёфтааст.
Барои навзодон китобҳоеро интихоб кунед, ки расмҳои дақиқе дошта бошанд ва ин суратҳо ба таври пайдарпай як ҳикояро ташкил диҳанд.

Вақте ки фарзанди шумо ба гап задан оғоз мекунад ва ниҳоят ҳарф мезанад, кӯшиш созед, ки ӯро ба он чизе ки дар расмҳои китоб мебинед, ҷалб кунед. Масалан, ба расм нигоҳ кунед ва аз ӯ пурсед, ки ин чист? Ё эълом кунед, ки дар расм воқеан чӣ вуҷуд дорад, то кӯдак ба он таваҷҷуҳ кунад. Ҳамчунин кӯшиш кунед, ки суханони кӯдаки худро дар аввал такрор карда, баъдан ба ӯ дуруст ё нодурустии онро шарҳ диҳед. Ин кор ба ӯ имкон медиҳад, фикрашро дар идома баён карда тавонад. Масалан, вақте ӯ ба расм нигоҳ карда гуфт, ки ин гурба аст, шумо такрор кунед, бале, ин ба гурба монанд аст, аммо дар асл санҷоб аст.
Китобҳоеро барои кӯдакатон гиред, ки муқоваашон сахт бошад. Китобҳои дастадор низ барои кӯдак шавқоваранд ва имкон медиҳанд, ки фарзандатон аз хондан ба бозӣ гузарад.

Асарҳои бадеӣ на танҳо воситаи фароғат, балки як мактаби тарбия ва василаи муассири рушди нутқи кӯдакон мебошанд. Тавассути онҳо кӯдак забонро меомӯзад, фикр мекунад, тасвир менамояд ва ниҳоят ба ифодаи дурусти фикру эҳсосоти худ қодир мегардад. Арзишҳои маънавӣ- ростгӯӣ, меҳрубонӣ, адолат ва кӯмак ба дигарон дар асарҳо бо забони содда ва таъсирбахш баён мегарданд. Аз ин рӯ, тавсияи мутақобилаи омӯзгорон ва волидайн ин аст, ки хондани китобҳои бадеиро аз рӯзҳои аввал дар ҳаёти кӯдакон ворид намоянд.

Рушди нутқи кӯдакон ҳамчун як ҷузъи муҳими ташаккули шахсияти онҳо дар зинаҳои аввалини ҳаёт ибтидо мегирад. Дар ин синну сол муҳити атроф, хонавода ва махсусан, адабиёти бадеӣ нақши калидӣ мебозанд.

Асарҳои бадеӣ аз якчанд ҷиҳат ба нутқу тафаккури кӯдак таъсироти мусбат мерасонад. Асарҳои бадеӣ, ба хусус, афсонаҳо ва ҳикояҳои кӯдакона дорои лаҳни сода ва калимаҳои шевою равон мебошанд. Хондан ва шӯнидани чунин асарҳо кӯдакро бо вожаҳои нав, ибораҳои ифоданок ва услуби гуфтори адабӣ ошно мекунанд.

Яке аз роҳҳое, ки кӯдакон метавонанд зудтар забони адабиро аз асарҳои бадеӣ ёд гиранд, ин тақлидкорӣ дар зинаҳои аввали ҳаёт мебошад. Чунки онҳо нав бо одаму олам ошно мегарданду чизе аз дунёи мо намедонанд ва аввалин коре, ки мекунанд, ин тақлиду пайравӣ кардан ба одамони муҳит, бахусус, падару модар мебошанд. Падару модароне, ки бо ҳамин давраи ҳаётии кӯдакон шиносанд, хуб дарк карда метавонанд, ки барои онҳо хондани афсонаву ривоятҳо, панду андарз, шеъру латифаҳо ва чистону мақолҳо аз аҳамият холӣ нест. Вақте кӯдак ҳикоя ё шеърро мешунавад, талош мекунад тарзи гуфтори қаҳрамонро тақлид кунад. Ҳамин раванд боис мегардад, ки кӯдак ба истифодаи дурусти иншо ва тартиби ҷумлаҳо, инчунин лафзи дурусту равон таваҷҷуҳ кунад. Ин гуна тақлид дар ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттии кӯдак хеле муассир аст.

Кӯдак метавонад аз таъсири қаҳрамонони дӯстдоштааш, ки эҳсосоташро ифода мекунанд (шодӣ, ғам, тарс, умед ва ғ.), ёд гирад, ки эҳсосоти худро бо забон баён намояд. Ин қобилият дар рушди нутқи эмотсионалӣ ва ҳамзамон равоншиносии муоширати кӯдак нақши бузург мебозад. Нутқи равшану муназзам ба кӯдак имкон медиҳад, ки худро беҳтар фаҳмонад ва дар ҷомеа мустақилона ширкат варзад.

Асарҳое, ки образи асосии онҳо қаҳрамонони далеру зираку кордон ҳастанд, бениҳоят ба тафаккури зеҳнии кӯдакон фоидабахшанд. Чунки ин навъи асарҳо барои ҳалли проблемаҳои гуногун муассир ҳастанд. Масалан, кӯдак ҳангоми афтидан дар масъалаҳо ё суҳбатҳои баҳсбарангез мефаҳмад, ки чӣ тавр бояд ба дигарон муроҷиат кард, посух дод ва суханро оғоз ё анҷом намуд.

Бисёре аз асарҳои бадеӣ дорои паёмҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Кӯдак на танҳо нутқ, балки мафҳумҳои боарзишро, ки бо забони таъсирбахш ифода шудаанд, меомӯзад. Масалан, мефаҳмад, ки ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва ёрӣ додан ба дигарон амалҳои неканд ва ин амалҳо дар нутқи ӯ ҳамчуни ифодаҳои ибратбахш ҷой мегиранд.

Акс аз манбаъҳои боз

Май 2, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд