Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 2, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳамасола 6 май Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ муқаррар гардидааст. Бахшида ба ин сана  дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти босуръати илму техника, ташаббусҳои нав дар рушди давлатдорӣ, аз ҷумла татбиқи низоми Ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти кулли соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештарро тақозо дорад. Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба мавзуъҳои асосӣ ибрози андеша намуданд.

Ҷаҳони муосир ба танзим даровардани равандҳои иттилоотиро тақозо намуда, дар пасманзари ин равандҳо давлатҳои ҷаҳон ҳифзи манфиатҳои миллиро қадами калидӣ арзёбӣ менамоянд. Хатарҳои ифшои маълумот тавассути каналҳои техникии ихроҷи иттилоот ва дигар воситаҳо мушкилоти мубрами рӯз гардида, талаб менамоянд, ки масъалаҳои ҳифзи техникии иттилооти дастрасиашон маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гарданд.

Дар идомаи конференсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои таҳким ва такмили он пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар айни замон «Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» амалӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад