Даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, дар маҷмуъ 30 фоиз таназзул ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки коҳишёбии босуръати пиряхҳо дар тамоми қитъаҳои сайёра ба таври ғайримуқаррарӣ идома дорад. Аз ҷумла, давоми даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, дар маҷмуъ 30 фоиз таназзул ёфтаанд. Чунин омадааст дар мақолаи директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Назриало ШЕРАЛИЗОДА бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Коршинос дар идомаи мақола чунин изҳор назар кардааст:
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи эълон намудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуданд.14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд.
Мақсади асосии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намудани соли 2025 ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз мушкилоти муосири экологию иҷтимоии ҷаҳони муосир-таназзулёбии босуръати пиряхҳо мебошад.
Пиряхҳо дар ташаккулёбии экосистемаи Замин нақши муассир дошта, сарчашмаи асосии ҳифзкунандаи оби ошомиданӣ ва танзимкунандаи иқлими сайёра маҳсуб мешаванд. Мутаассифона, давоми даҳсолаи охир таназзулёбии босуръати онҳо на танҳо экосистемаҳои табиӣ, балки мавҷудияти олами зинда ва гуногунии биологиро барои оянда зери суол мебарад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин давлатҳои ҷаҳон аст, ки соли 2010 «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2030»-ро қабул намуда, дар нақшаи чорабиниҳои он вазифаҳои мушаххасро барои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо муқаррар ва иҷро намуд. Раванди татбиқи ин барнома нишон медиҳад, ки баргузории чорабиниҳо ва ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда дар самти ҳифзи пиряхҳо чораҷӯиҳои мушаххаси глобалиро тақозо менамояд.
Чуноне ки натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, коҳишёбии босуръати пиряхҳо дар тамоми қитъаҳои сайёра ба таври ғайримуқаррарӣ идома дорад.
Масалан, суръати таназзулёбии пиряхҳои Греландия ва Антарктида, ки бузургтарин махзани захираҳои оби ошомидании кураи Замин маҳсуб мешаванд ва дар муътадил нигоҳ доштани иқлими сайёра ва уқёнуси ҷаҳонӣ нақши муассир доранд, давоми даҳсолаҳои охир афзоиш ёфта, боиси баланд гардидани сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст.
Натиҷаи мушоҳидаҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар натиҷаи обшавии 3,8 триллион тонна пиряхҳои қитъаи Греландия 10 мм баланд шудани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастааст.
Амсиласозии ин раванд нишон медиҳад, ки агар обшавии пиряхҳо бо суръати мавҷуда идома ёбад, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ то охири ин садсола метавонад ба андозаи 7 метр баланд шавад. Дар натиҷа он ҳаёти аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва мамлакатҳои ҷазиравиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.
Пиряхҳои Антарктида низ ҳолати ҳамсон доранд. Хусусан қисмати ғарбии он бо суръати рекордӣ об шуда, дар даҳсолаҳои охир боиси баланд шудани сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ мегардад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 20 фоизи аҳолии кураи Замин таъсири манфии онро эҳсос хоҳанд намуд.
Натиҷаи таҳлили маълумоти мавҷуда нишон медиҳад, ки давоми даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, дар маҷмуъ 30 фоиз таназзул ёфтаанд.
Натиҷаи амсиласозии раванди ташаккулёбии пиряхҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки агар коҳишёбии онҳо бо суръати мавҷуда идома ёбад, он метавонад то нимаи асри кунунӣ боиси нобудшавии аз се як ҳиссаи пиряхҳои минтақа гардад.
Тибқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ташкилоти молиявиии иқлимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои қитъаи Осиё аз ҳама бештар аз тағийёрбии иқлим ҳассос баҳогузорӣ шудааст.
Пиряхҳои Тоҷикистон сарчашмаи ташккули 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Обшавии онҳо аз як тараф, сабаби таназзули захираҳои об, кам гардидани миқдори захираҳои обӣ ва таъсири занҷиравии он ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ шуда, аз ҷониби дигар, сабаби зиёдшавии ҳолатҳои фавқулодаи табиии дорои хусусияти глятсио-гидрологӣ мегардад.
Бе муҳобот, обшавии пиряхҳо чӣ дар миқёси ҷаҳон ва чӣ дар сатҳи минтақа на танҳо мушкилоти экологӣ, балки мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ низ буда, барои тамоми ҷомеаи башарӣ таҳдиди ҷиддӣ маҳсуб мешавад. Зеро обшавии ҷаҳонии пиряхҳо боиси баланд гардидани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ, таназзулёбии захираҳои об, тағйирёбии экосистемаҳо ва зиёд гардидани ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ мегардад, ки барои тамоми башарият оқибатҳои ногувор дорад.
Чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, мушкилоти истифода, ҳифз ва дастрасӣ ба маълумоти гидрологӣ, ки то оғози садсолаи кунунӣ дар миқёси ҷаҳон мавҷуд буданд, дар раванди силсилаташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани платформаи Раванди оби Душанбе бо роҳи муколама, омӯзиш ва ҳамкорӣ ҳал гардиданд ё дар раванди баррасӣ қарор доранд. Онҳо барои бақои ҳаёти башарият натиҷаҳои дилхоҳ фароҳам меоваранд.
Дар ин замина Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва чорабиниҳои вобаста ба он бояд ҳамчун заминаи ҷалби тамоми иқтидор ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ин самт равона гарданд.
Ҳамчунин баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, метавонад заминаи муассир барои муколама, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти таназзулёбии пиряхҳо бошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост






