Далер Ҷумъа ва Алӣ Муҳаммад Хан раванди татбиқи тарҳи «CASA- 1000»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмато Алӣ Муҳаммад Хан дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки дар ҳамкории зич ва тавассути ҳамоҳангсозии фаъол татбиқи пурраи Лоиҳаи «CASA-1000» амалӣ гардида, ба таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки Роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмато Алӣ Муҳаммад Хан барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба Тоҷикистон омадааст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






