Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 8 май, соати 07:55 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маркази заминларза дар километри 168-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 26-уми самти шарқи Рашт ва километри 23-юми самти шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






