Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд

Май 31, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он  татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истиноб ба Шурои ҷамъиятӣ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа доир ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фикру ақидаҳо баён гардида, оид ба иқдоми андешида ва дурнамои ҳамкории илмӣ-маърифатӣ изҳори назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Бояд истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон тақвият дода шавад.

Дар анҷом аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад