Дар Алмато Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид

Май 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Қазоқистон бо Раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Дуйсембиев мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо мушкилоти   ҷойдошта дар самти транзити байни кишварҳоро матраҳ намуда, якчанд ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниро муҳокима карданд. Роҳбарони ҳайатҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, механизми ҳамкории мутақобили судманд таҳия ва татбиқ гардад.

Дар  вохӯрӣ тарафҳо Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукиро имзо намуданд, ки ин иқдом тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти маъмурияти гумрукиро инъикос менамояд. Аз ҷумла, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот бо мақсади таҳлили саривақтӣ ва арзёбии хавфҳо ҳангоми интиқоли молҳо, тақвияти иқтидори транзитӣ ва содагардонии расмиёт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки ду давлат мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ.

Тарафҳо бо итминон изҳор доштанд, ки тавофуқи ба дастомада ба тақвияти эътимоди мутақобил ва рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон барои иштирок  дар  мулоқоти дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Қазоқистон  сафар намудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид