Дар Бохтар оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир ҳамоиш доир гардид

Май 22, 2025 18:00

 ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози ба даст овардани истиқлолият ҳанӯз соли 1992 бо назардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба гурӯҳи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории ҳамоиши вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир» дар шаҳри Бохтар баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки наврасону ҷавононро бояд дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия намоем. Зеро ояндаи Тоҷикистон, тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсию ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 20217 зимни суханронӣ иброз намуда буданд, ки «асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавони мамлакат, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираю имконияти мавҷуда истифода намуда, барои таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам намоем».

Дар ҷараёни ҳамоиш влбаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, рушди илм ва пешрафти ҷомеа табодули афкор доир шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд