Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 30 декабри соли 2024 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2025» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар шаҳри Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин даври омӯзишӣ 50 нафар занону ҷавондухтарон ҷалб гардиданд. Ба касбомӯзон ҳунармандони чирадаст муддати як моҳ дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳунарҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ меомӯзонанд.
Ҳунару ҳунармандӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ буда, волотарин дастоварди аҳли башар мебошад, ки дар доираи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанаҳои миллӣ мақому манзалати ҳар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2017 амалӣ шуда, дар ин муддат беш аз 901 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ҳунарҳои қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва қолинбофию гулдӯзиро омӯхтанд.
Ҳадафи асосии омӯзиш соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонанишин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва бо ҷойи нави кор таъмин намудани занону духтарон мебошад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






