Дар Душанбе ва Хуҷанд даврҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ оғоз шуданд

Май 17, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ECAC) дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд даврсҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои «Арзёбии таҳдидҳо» ва «Фарҳанги бехатарии авиатсионӣ» оғоз гардиданд.

Тавре аз Агентии авиатсияи гражданӣ иттилоъ доданд, дар ин даврҳо коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз Фаронса, Булғористон, Гурҷистон ва Қазоқистон иштирок доранд. Онҳо таҷрибаи пешқадам ва донишҳои худро дар самти таъмини бехатарии авиатсионӣ бо мутахассисони тоҷик мубодила мекунанд.

Дар даврҳо мутахассисони соҳавии агентӣ ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ иштирок менамоянд. Мақсади баргузории даврҳо баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва такмили донишҳои муосир оид ба таъмини амнияти авиатсионӣ мебошад.

Гузаронидани чунин даврҳои омӯзишӣ ба татбиқи тавсияҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) мусоидат намуда, барои омодагӣ ба аудити назоратии ин созмон шароити мусоид фароҳам меорад.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар оянда низ баргузории чунин даврҳо ва чорабиниҳои таълимӣ барои боз ҳам таҳким бахшидани низоми бехатарии авиатсионӣ дар мамлакат идома меёбад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд