Дар Файзобод ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи манбаъҳои обӣ ва ифлоскунии муҳити зист ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ аз ҷониби нозирони соҳавӣ дар Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Файзобод амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни амалиёт ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи манбаъҳои обӣ ва ифлоскунии муҳити зист ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, шаҳрванд Савриддин Сангинов бе гирифтани иҷозати расмӣ ба пармакунии худсаронаи чоҳи обгирӣ дар заминҳои кишоварзӣ машғул шудааст. Ин амал на танҳо қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад, балки метавонад ба пастравии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва мувозинати экологӣ таъсири манфӣ расонад.
Сокини дигари ноҳияи Файзобод Сунатулло Муллоев бо партофтани партовҳо дар соҳили сойи обгузари деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор манбаи обро ифлос намуда, ба муҳити зист зарар расонидааст.
Бо назардошти чунин қонунвайронкунӣ нисбат ба ҳарду шаҳрванд тибқи талаботи моддаҳои 177 ва 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар истифодаи манбаъҳои табиӣ масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






