Дар Файзобод ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи манбаъҳои обӣ ва ифлоскунии муҳити зист ошкор карда шуд

Май 1, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ аз ҷониби нозирони соҳавӣ дар Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Файзобод амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни амалиёт ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи манбаъҳои обӣ ва ифлоскунии муҳити зист ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, шаҳрванд Савриддин Сангинов бе гирифтани иҷозати расмӣ ба пармакунии худсаронаи чоҳи обгирӣ дар заминҳои кишоварзӣ машғул шудааст. Ин амал на танҳо қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад, балки метавонад ба пастравии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва мувозинати экологӣ таъсири манфӣ расонад.

Сокини дигари ноҳияи Файзобод Сунатулло Муллоев бо партофтани партовҳо дар соҳили сойи обгузари деҳаи Дурахшони  Ҷамоати деҳоти Чашмасор манбаи обро ифлос намуда, ба муҳити зист зарар расонидааст.

Бо назардошти чунин қонунвайронкунӣ нисбат ба ҳарду шаҳрванд тибқи талаботи моддаҳои 177 ва 179-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар истифодаи манбаъҳои табиӣ масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 1, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд