Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд

Май 9, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ғалаба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ба дидорбинии иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Зайнулло Алиев рафт.

         Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Зайнулло Алиев туҳфаҳои моддию молиявӣ дода шуданд.

Зайнулло Алиев 12 ноябри соли 1925 дар ноҳияи  Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1942 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб гардида, дар ҷабҳаҳои Ленинград ва Беларус ҷангида, дар озодсозии шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия ва Руминия иштирок намудааст.

Номбурда соли 1945 зимни як муҳорибаи шадид ҷароҳати вазнин бардошта, ба Ватан баргаштааст. Пас аз баргашт дар шаҳри Бохтар ҳамчун собиқадори меҳнат дар рушди пахтакорӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ саҳм гузошта, бо меҳнати содиқона сазовори эҳтироми ҳамдиёрон гардидааст.

Барои хизматҳои арзандааш бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дараҷаи дуюм», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «40-солагии Ғалаба», «60-солагии Ғалаба», «Медали Жуков» ва мукофотҳои дигари давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳоло бобои Зайнулло дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Бохтар истиқомат дошта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон рӯзгори шоистаи пиронсолиро сипарӣ менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки пос доштани хизмати собиқадорон қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванд аст.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Май 9, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид