Дар Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бозиҳои варзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки имсол нахустин маротиба 25 май таҷлил карда мешавад, ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон итилоъ доданд.
Дар ҳамоиш фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар он футболбозони наврас, дастаҳои маҳаллӣ ва дӯстдорони футбол ҳунарнамоӣ намуданд. Инчунин бо иштироки кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод бозиҳои шавқовар доир шуданд.
Футбол ҳамчун варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстӣ нақши муим мебозад. Инчунин аз ҷониби масъулони вилоят барои рушду тараққии футбол тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода иброз намуд, ки «Федератсияи футбол ҳамеша кӯшиш менамояд, ки барои рушду тарғиби футбол, бахусус байни наврасону ҷавонон тамоми шароити мусоидро фароҳам оварад».
Дар ин рӯз ба 500 кӯдак тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сару либоси варзишӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






