Дар Мастчоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд хабар доданд.
Дар озмун оилаҳои намунавӣ аз ҷамоату шаҳрак ва деҳаҳои ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиён дар бораи собиқаи оиладорӣ, маҳорату фарҳанги оиладорӣ, тарбияи фарзандон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар раванди оиладорӣ ва дастовардҳои оилавияшон суҳбат намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, иқдому озмунҳои маърифатӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону духтарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида мешавад.
Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май баргузор мегардад.
Даври якум дар деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо нимаи аввали моҳи апрел, даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нимаи дуюми моҳи апрел ва даври сеюм дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи байналмилалии оила- 15 май бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюм доир карда мешавад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






