Дар семоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондааст

Май 17, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Дар семоҳаи якуми соли равон дар мамлакат 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондааст». Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара ибрози назар намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, «дар моҳҳои январ – апрели соли равон дар мамлакат 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва дар вилояти Суғд- дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст, ки ин беамалии масъулини соҳаро нишон медиҳад».

Инчунин Пешвои миллат афзуданд, ки «дар давра дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Камбудиҳои гуфташуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат гардидаанд».

«Камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи кори нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард сари вақт бояд ҳал карда шаванд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар робита ба ин масъала Президенти Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш доданд, ки иҷрои супоришҳои қаблан додашударо оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми ватанӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот ҳатман таъмин намоянд.

Президенти мамлакат иброз намуданд, ки «дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз зиёд мебошад. Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст. Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст».

Сарвари давлат яке аз омилҳои кам гардидани истеҳсолоти саноатиро  кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) ҳисобида, иброз намуданд, ки ин омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.

Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки барои ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар мамлакат ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд