Дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан афзудааст

Май 24, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон 1 миллиону 904,6 ҳазор тонна бор (бо назардошти боркунӣ, борфарорӣ ва транзити бор) ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12,8 фоиз зиёд аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар интиқоли байналмилалии борҳои мамлакат ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан калон аст. 71,8 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии байналмилалӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

Тавре Вазири нақлиёти мамлакат чанде қабл дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2025 изҳор дошт, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бояд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди парки роҳи оҳан ва таъмини содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакат тадбирҳои муассир андешад.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ, ки 17 майи соли равон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара доир гардид, ба Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки содироти меваю сабзавоти барвақтиро ташкил намуда, дар ин самт бо роҳи таъсиси ситодҳо фаъолият намоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид