Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ идома дорад

Май 23, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. То 16 май дар Тоҷикистон  5715 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ 160,5 сентнериро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи таҳлилҳои олимон, ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол мекунад, ки дар як сол қариб 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудан зарур аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «то  12  май дар мамлакат дар 415 ҳазор гектар ё баробари 94 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 73 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кишти картошка дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Ховалинг 25 фоиз, Муъминобод 40, Шамсиддини Шоҳин 42, Балҷувон 66 ва Шаҳритус 90 фоизи дурнаморо ташкил додааст.  Кишти картошка дар вилояти Суғд- дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 47 ва дар Истаравшан 82 фоизи нақшаи дурнаморо дар бар мегирад».

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз  истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ вобастагӣ дорад. Агар сокинони мамлакат дар заминҳои наздиҳавлигияшон картошка кишт намоянд, оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шуда, захира низ мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст