Дар Тоҷикистон аввалин нуқтаи миллии мубодилаи интернет ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аввалин нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
IXP инфрасохторест, ки ба провайдерҳо ва ташкилот имконият медиҳад трафикро мустақим мубодила намоянд.
Ҳадафи он баланд бардоштани суръати дастрасӣ ба интернет, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо мебошад.
Ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99 фоиз баробар мебошад. Аз назари хусусиятҳои техникӣ таъмини воситаҳои назорат ва амниятро кафолат медиҳад.
TJ-IX дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ҷойгир буда, Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ин ҷамъият нақша дорад нуқтаҳои онро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ташкил намуда, платформаҳои байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.
Ифтитоҳи TJ-IX қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Хадамоти алоқа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






